Генерали амрикоӣ: нерӯҳои ИМА боз чанд соли дигар дар Афғонистон боқӣ мемонанд

Генерали амрикоӣ: нерӯҳои ИМА боз чанд соли дигар дар Афғонистон боқӣ мемонанд

 Генерали артиши ИМА Марк Милли, роҳбари Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳо мегӯяд, нерӯҳои низомии амрикоӣ, ки муддати 18 сол дар Афғонистон қарор доранд, боз чанд соли дигар дар ин кишвар боқӣ мемонанд.

Марк Милли рӯзи 10-уми ноябр дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии амрикоии АВС гуфтааст, пас аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 мақсади аввали интиқоли нерӯҳои ИМА ба Афғонистон дар он ифода меёфт, ки ин кишвар дигар ҳаргиз паноҳгоҳи террористон набошад. Дар ин бора Азаттык хабар медиҳад.

“Ин рисолат то ҳол иҷро нашудааст, - афзудааст генерал. - Барои муваффақ шудани ин рисолат, ҳукумат ва нерӯҳои Афғонистон бояд ба таъмини амнияти дохилӣ қодир бошанд, то ба террористон имкон надиҳанд, ки қаламрави худро барои ҳуҷум ба дигар кишварҳо, бахусус, ИМА истифода баранд”.

Айни замон дар Афғонистон ҳудуди 14 ҳазор низомии ИМА, ҳамчунин ҳазорон сарбозу афсари Аврупо дар ҳайати нерӯҳо таҳти роҳбарии НАТО ҳузур доранд.

Чанде қабл иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Афғонистон Маъсуд Андаробӣ (Massoud Andarabi) аз торумор кардани нерӯҳои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар қаламрави ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Андаробӣ, гурӯҳҳои хурди ДОИШ ба нерӯҳои ҳукумат таслим шуда, тахрибкороне, ки ба дигар минтақаҳо рафтаниянд, дар ҷараёни амалиёти махсус маҳв карда мешаванд.

Ба қавли ӯ, сокинони маҳаллӣ ба фаъолияти кадом як “шабакаи хориҷӣ” дар қаламравашон роҳ намедиҳанд.

Ин изҳороти роҳбари ВКД-и Афғонистон дар маросими таъини сардори нави Раёсати пулис дар вилояти шарқии Нангарҳор садо дод, ки гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бори нахуст соли 2014 дар ин ҷо қароргоҳ барпо кард. Дар ин бора 1TV хабар медиҳад.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20191111/generali-amriko-neroi-ima-boz-chand-soli-digar-dar-afoniston-bo-memonand

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон