Нашри видеои савгандёдкунӣ: “ДОИШ” гуфт, инҳо муҳоҷимон ба марзи Тоҷикистонанд

Нашри видеои савгандёдкунӣ: “ДОИШ” гуфт, инҳо муҳоҷимон ба марзи Тоҷикистонанд

 Гуруҳи террористии ДОИШ бо нашри навори байъати шаш фарди мусаллаҳ бо саркардаи нави ин созмони мамнуъ иддао кардааст, ки ин ашхос ҳамлагарон ба посгоҳи марзии Тоҷикистон будаанд

“ДОИШ” дар сомонаи мавсум ба Аъмоқ шаш нафарро, ки чеҳраҳои онон бо ниқоби сиёҳ пӯшонда шудаасту ва дар ҳоли байъат бо саркардаи нави ДОИШ ҳастанд, ба унвони муҳоҷимон ба посгоҳи марзии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, хабар дод Парс тудей.

Манбаъ афзуд, дар ин филм ин ашхос бо саркардаи нави гуруҳи террористии ДОИШ ба забони арабӣ байъат мекунанд. ДОИШ муддаӣ шудааст ин ашхос пас аз байъат бо саркардаи нави ин созмон ба амалиёт дар марзҳои Тоҷикистон даст задаанд.

Ин дар ҳолест, ки замон ва макони дақиқи баргузории ин маросими байъат машаххас нест, аммо либоси сиёҳи онон бо муҳоҷимони мусаллаҳи кушташуда дар даргирӣ бо марзбонони посгоҳи марзии Тоҷикистон шабоҳати зиёде дорад, навиштаст Парс тудей.

Гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамла ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.

Пеш аз ин мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон шумори нерӯҳои ҳукуматии кушта шуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд.

Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.



Read more: https://sputnik-tj.com/defense_safety/20191110/1030191709/Nashri-navori-savgandyoddkuni-DOISh-guft-inho-muhoimin-ba-marzi-Toikstonand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон