Трамп Путинро бо зодрӯзаш табрик накард

Трамп Путинро бо зодрӯзаш табрик накард

 Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия, Доналд Трамп, Президенти Амрико ҳамтои руси худро бо зодрӯзаш табрик нагуфтааст. 

Ҳамчунин, тибқи маълумоти ин манбаъ, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина низ аз муборакбодии Владимир Путин худдорӣ кардааст.

Владимир Путин рӯзи 7 октябр 67-сола шуд. Вай зодрӯзашро дар ҷараёни саёҳат дар тайгаи Сибир таҷлил кардааст.

Кохи Кремл хабар дод, ки Владимир Путинро раҳбарони Сербия, Исроил ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо зодрӯзаш табрик гуфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони шаҳри Лос-Анжелеси ИМА зодрӯзи Путинро ба таври ғайриоддӣ ҷашн гирифтанд. Ҳавопаймои хурд акси бузурги Владимир Путинро бо зерхати #VVP67 дар фазои Ҳолливуд алвонҷ додааст.

Дар Ҷумҳурии Туваи Русия бошад 200 мактабхон дар соҳи дарёи Енисей даст ба дасти ҳам дода калимаҳои зиндаи Путин-дил-Туваро сохта ва ба ин тартиб муҳаббати худро нисбати раиси ҷумҳури Русия иброз доштаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон