ИМА ширкатҳои чиниро ба далели поймолсозии ҳуқуқи мусалмонон таҳрим кард

ИМА ширкатҳои чиниро ба далели поймолсозии ҳуқуқи мусалмонон таҳрим кард

 Вазорати тиҷорати ИМА 28 ширкати давлатии Чинро ба далели даст доштан дар поймолсозии ҳуқуқи ақалиятҳои қавмӣ дар вилояти Шинҷон-Уйғури Чин таҳрим кард. 

Ба иттилои созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Чин чанд соли ахир намояндагони ақалиятҳои қавмиеро таъқиб мекунанд, ки асосан пайрави дини ислом ҳастанд. Мақомот равуои онҳоро маҳдуд ва фаъолиятҳояшонро тавассути барномаҳои махсус ва дурбинҳои назоратӣ назорат мекунанд. Ин ақалиятҳо ҳамчунин ба таври дастаҷамъӣ боздошт ва ба «урдугоҳҳои бозтария» фиристода мешаванд.

Ширкатҳое амсоли Идораи таъмини амнияти ҷамъиятии вилояти Шинҷон-Уйғури Чин ва 19 ширкати тобеи ин идора, 8 ширкати техникӣ, Hikvision, бузургтарин истеҳсолкунандаи дурбинҳои назоратӣ, Dahua, ки ҳамчунин ба истеҳсоли дурбинҳои назоратӣ машғул аст, Megvii ва IFlytek, ки ба сохтани барномаҳои муайянкунандаи чеҳра ва садои одамон машғуланд, дар рӯйхати таҳримшудаҳо шомиланд.

Дар изҳороти вазорати тиҷорати ИМА гуфта шудааст, ки ин сохторҳо «ҳуқуқи инсонро поймол ва дар маъракаи зидди ақалиятҳои қавмӣ саҳм доштаанд».

Ширкатҳои таҳримшуда наметавонанд, нармафзорҳои истеҳсоли ширкатҳои амрикоиро харидорӣ кунанд.

Ширкати Hikvision аз ин таҳрим эътироз кард ва гуфт, ки амали ИМА «монеи маъракаи сартосарии ҳифзи ҳуқуқи инсон» мешавад. Ин ширкат ҳамчунин гуфт, ки тасмими мазкур «ба иқтисоди ИМА таъсири манфӣ мерасонад».

Пештар аз ин ИМА ширкати Huawei-и чиниро ба далели «таҳдид» ба амнияти ИМА таҳрим карда буд.

Ба иттилои СММ, дар урдугоҳҳои Чин айни ҳол бештар аз 1,5 миллион уйғур ва дигар ақалиятҳои мусалмон нигаҳдорӣ мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон