"Пули дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба истифода дода шуд

"Пули дӯстӣ” дар  сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба истифода дода шуд

 Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ дар марзи миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак, пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд 

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Акрам Мадумаров, раиси вилояти Боткон бо буридани лентаи рамзӣ аз ду ҷониб иштирок карда, дар ҳузури сокинони наздимарзии ду кишвар, номи онро “Пули дӯстӣ” гузоштанд.

“Пули дӯстӣ”  бо 12 метр  дарозӣ ва 8 метр паҳноӣ, деҳаи Овчи Қалъача-ро бо деҳаи Қулунду мепайвандад.  Зимнан ин ягона купруки байнисарҳадӣ  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад, ки аз болои канали “Овчи Қалъача” мегузарад.

Ҳашт моҳ ба ин тараф бар асари боришот ва гаштугузори мошинҳои гаронвазн ин купруки наздисарҳадӣ хароб шуд, аммо рухдоди муноқишаи марзӣ барои таъмири саривақтии он имкон намедод.

Дар паи гуфтугузори дуҷониба, дар оғози соли 2019, масъулини ноҳияи Б. Ғафуров ва ноҳияи Лайлак ба сохтмони панҷоҳ бар панҷоҳ ба он мурур карданд.

Ба ин тартиб ноҳияи Б. Ғафуров, аз тарафи худ бо харҷи 75 ҳазор сомонӣ корҳои пойдевории купрукро ба анҷом расонидааст. Ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сохтмони бетонҳои рӯи купрукро бо харҷи 400 ҳазору 800 сом - и қирғизӣ, муодили беш аз 55 ҳазор сомонӣ ба охир расонидааст.

Дар маросими ба истифодадиҳии “Купруки дӯстӣ” аз ду ҷониб сокинон ба ҳисоби нафақахурону ҷавонон зиёд  ҷамъ омада буданд ва дида мешуд, ки онҳо аз ин руйдоди муҳими марзӣ изҳори хушнудӣ мекарданд.

Открытие моста на границе Таджикистана и Кыргызстана
© SPUTNIK
Открытие моста на границе Таджикистана и Кыргызстана

Муҳаммадҷон Ҳодиев, як сокини нафақахӯри деҳаи Овчи Қалъача дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба истифода додани ин пул, барои хуб шудани муносибат дар марз миёни тоҷикон ва қирғизҳо  аҳамияти муҳим дорад.

“Ин купрукро дарвозаи ду давлат гуфтан мумкин аст. Гаштугузори сокинон аз ҳардуҷониб тавассути ҳамин пул сурат мегирад. Агар пул набошад, чи гуна рафтуомад ба вуҷуд меояд”, - афзуд, Ҳодиев.

Мирзобек Ҷумабоев, раиси маҳаллаи “Интернатсионал” - и  деҳоти Қулунду дар суҳбат иброз намуд, ки сохтмони  ин купруки муштарак, дар миёни деҳаҳои Овчи Қалъача ва Қулунду, муносибати таърихан устувори миёни тоҷикон ва қирғизҳоро ифода мекунад.

“Хеле рамзӣ аст, аз ду ҷониб масъулин барои ифтитоҳи ин купрук ташриф овардаанд. Дар шароити ҳамсоядорӣ дар сарҳад душвор аст, ки бе роҳу купруку бозори муштарак зиндагӣ кард. Ин дар ҳоле, ки мо бо тоҷикон таърихан дӯсту бародарем ва қудову анда ҳам ҳастем”, - таъкид намуд, Ҷумъабоев.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст ва ҳудуди 34 километр марзи муштараки дар ҳудуди ҷамоати Овчи Қалъача ва ҷамоати Хистеварз рос меояд. Аммо то кунун хатти марз миёни ин ду ноҳия аломатгузорӣ нашудааст ва гоҳе ин мушкил ба рухдоди баҳсу муноқишаҳои марзӣ сари обу роҳу замин, боис мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Акрам Мадумаров раиси вилояти Боткон аз нақшу аҳамияти “Пули дӯстӣ” сухан карда, онро намоди сулҳу оштӣ дар марз хонданд.



Read more: https://sputnik-tj.com/asia/20190930/1029951999/Pul-dusti-dar-sarhad-Tojikiston-qirgiziston.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон