МУҲБУСЕ, КИ 3-БОР ҲУКМИ ҚАТЛ ГИРИФТУ ЗИНДА МОНД

МУҲБУСЕ, КИ 3-БОР ҲУКМИ ҚАТЛ ГИРИФТУ ЗИНДА МОНД

 Пайсон Кола шаҳрванди муқимии Давлати Малавӣ буда, соли 1991 барои даст ба куштор заданаш ҳукми қатл гирифта, зиндонӣ шуда буд, вале хушбахтона се маротиба ба таври ғайриодӣ аз марг раҳо ёфтааст.

ри аввал, соли 1991 дар вақти иҷрои ҳукми қатл корманди полис, ки бояд Пайсонро ба қатл мерасонд, кушта шуд ва ҳукми қатли ӯ ба соли 1992 мавқуф гузошта шуд.
Бори дуюм, корманди полиси амалкунанда пеш аз Пайсон 71 нафари дигарро, ки ба қатл маҳкум шуда буданд, ба қатл расонид ва вақте навбати Пайсон расид, талаб кард иҷрои қатли ӯро ба як сол мавқуф гузоранд.
Бори сеюм, соли 1993, бо вуҷуди дар қатори қатлшавандагон гузоштани номи Пайсон, корманди полис, ки бояд ҳукми қатлро иҷро мекард, дар ҳамон рӯз бо сабабҳои номаълум аз дунё чашм пӯшид.
Соли 1994, ҳамагӣ ду рӯз пеш аз ҳукми қатли Пайсон Кола Суди олии Давлати Малавӣ ҳукми қатл ӯро бекор ва онро ба ҳукми абадӣ иваз намуд.

Пайсон ин навбат якумра зиндонӣ шуд ва дар зиндон ба хондани китоби Қуръон ва донишҳои илмӣ машғул гашт.
Ҳаминтавр Пайсон аз як шахси оддӣ ба ситораи машҳур табдил ёфт ва кишвари Малавӣ дар охир бегуноҳии Пайсонро исбот намуда ӯро авф кард ва доғи судиро аз ӯ тамоман тоза намуд.

Ҳолло Пайсон Кола ҳамчун сафири сулҳ ба СММ сафар хоҳад кард.Ӯ мегӯяд: "Ман медонистам, ки Худо одил аст ва маро намегузорад, то ноҳақ кушта шавам!" ба ҳама мусалмонони рӯи рӯи олам тавсия медиҳам, ки зикри худо ва намози худро ҳеҷгоҳ тарк насозанд!
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон