Путин ва Натаняҳу ҳамкориро дар Ховари Миёна баррасӣ карданд

Путин ва Натаняҳу ҳамкориро дар Ховари Миёна баррасӣ карданд

 Исроил омода нест, ки таҳдидҳои низомии Эронро аз ҳудуди Сурия таҳаммул кунад. Ин нуктаро сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочӣ баён дошт. 

Натаняҳу гуфт, Эрон барои насби мушакҳое, ки ба самти Исроил нигаронида шудаанд, аз хоки Сурия фаъолона истифода мекунад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, дар ингуна вазъ муколама миёни низомиёни Исроил ва Русия, ки дар минтақа ҳузур доранд, хеле муҳим аст.

Сарвазири Исроил иттилоъ дод, ки пеш аз мулоқот бо Путин бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфтугӯ карда, ҳамкории низомиии ду кишварро дар Ховари Миёна зарур номид.

Путин дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳамкориҳои Русия ва Исроил дар пасманзари афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ хеле муҳим аст. Президенти Русия гуфт, пешниҳоди ҷониби Исроилро барои боздид аз ин кишвар дар ибтидои соли 2020 пазируфт.

Ин бори севум аст, ки сарвазири Исроил дар соли равон бо президенти Русия мулоқот мекунад. Сафари ахири Натаняҳу ба Русия дар пешорӯи интихоботи порлумонии Исроил сурат мегирад, ки қарор аст, 17-уми сентябр баргузор шавад. Ба навиштаи расонаҳои Исроил, Натаняҳу пас аз мулоқот бо Путин ба афзоиши шумори ҷонибдоронаш дар интихобот ва боло рафтани рейтинги ҳизбаш "Ликуд" бовар дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон