Боз бӯҳрон. Бӯҳрони ҷадиди ҷаҳонӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

Боз бӯҳрон. Бӯҳрони ҷадиди ҷаҳонӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

 Аз замони бӯҳрони ахири ҷаҳонӣ 10 сол сипарӣ мешавад ва боз хатари бӯҳрони иқтисодӣ пайдо шудааст. Ҳоло ин бӯҳрон аз куҷо сар мезанад? 

Вақте бозорҳои молӣ ба ҳадди ниҳоӣ мерасанд, назари ҷамъияти сармоягузорӣ мутафовит мешавад. Бештари онҳо бовар доранд, ки бозор мушкили феълиро паси сар мекунад ва имкон дорад рушди иқтисод идома пайдо кунад.

Бахши кучаки дигар ба ҳаводиси таърих ишора мекунанд ва аз вазъи муташанниҷи геополитикӣ ба мисли муноқишаи тиҷоратии Амрико бо Чин, Brexit,нооромиҳо дар Ховари Миёна, интихобот дар ИМА ва ғайра нигаронанд.

Бӯҳрони феълӣ аз бӯҳрониҳои қаблӣ тафовут дорад. Агар ба бӯҳрони соли 2000 саҳмияҳои ширкатҳои технологӣ ва иттилоотӣ ва дар бӯҳрони соли 2007 бозори амволи ғайриманқул боис шуда бошад, сабаби бӯҳрони феълӣ метавонад коғазҳои қиматбаҳои давлатӣ бишавад.

Ҳоло дар бозор коғазҳои қиматбаҳои камхаридор 13 триллион долларро ташкил медиҳад. Сармоягузорҳо бояд пеш аз ба қарз додан арзиши онҳоро бозпардохт кунанд. Таҷрибаи даҳсолаи чопи пул ба миқдори 13 триллион доллар ба хотири нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар 2 дарсад вуҷуд дорад.

Дар ин гуна вазъият танҳо ҳодисаи пуртаъсир (шок) имкон дорад раванди рушдро дар бозори молӣ бишканад. Ҷанги тиҷоратии Амрикою Чин метавонад аз ҷумлаи чунин ҳодиа бошад.

Омили бӯҳрони иқтисодӣ, ки рӯз ба рӯз наздик мешавад, на эҳтимоли ҷанги тиҷоратӣ ва ташаннуҷи геополитикӣ, балки бозори қарз барои ширкатҳои дар қарз ғӯтида шуда метавонад.

Дар панҷ соли ахир саҳми қарзҳо ба ширкатҳои пастсифат якуним барорбар афзоиш ёфта ва 1,3 триллион долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми бозори коғазҳои қиматбаҳо нисбат ба соли 2008 чаҳор баробар афзоиш ёфта ва то 4,5 триллион доллар расидааст. Агар вазъияти иқтисодӣ камтар бад шавад, ҳаҷи қарзҳои пастсифат ду баробар афзоиш хоҳанд ёфт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон