Бидуни музокира: шамол баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро "ҳал" кард

Бидуни музокира: шамол баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро "ҳал" кард

 Вазиши шамоли сахти рӯзи 5 -уми сентябр хаймаҳои сокинони Орта-Бози Қирғизистонро, ки дар ҳудуди заминҳои деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара воқеъ буданд шикаставу рабурдааст. Ин ҳодисаи табиӣ дар бартараф шудани як баҳси сарҳадӣ боис гардидааст 

Насби худсаронаи чунин хаймаҳои фурӯши сабзавот дар ҳудуди замини хоҷагиҳои деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара аз ҷониби сокинони деҳаи Орта-Бози Қирғизистон, дар рӯзи 3-уми сентябр сурат гирифта,  сабаби рухдоди як муноқишаи марзӣ шуда буд. 

Рӯзи 4-уми сентябр дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо, қирғизҳо аз  амалкарди худсаронаи  худ сари сохтмони бозори фурӯши сабзавот даст кашиданд, вале хаймаҳояшонро аз ду канори роҳи Исфана-Ош, аз ҳудуди заминҳои деҳаи Хоҷаи Аъло набардоштанд. Баъди гуфтушунид щам боқӣ мондани чодарҳо, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ро нигарон карда буд.

Аммо сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло мегуянд, вазиши шамоли рӯзи 5-уми сентябр  билохира ин нигаронии онҳо ва ҷойдошти баҳси марзӣ бо сокинони деҳоти Ботконро  бартараф кардааст.

“Ҳарорати ҳаво тағйир ёфту рӯзи 5-уми сентябр вазиши шамол ба вуҷуд омад. Пагоҳ саҳарӣ дидем, ки шамол ҳама хаймаҳоро дарронда, ҳатто арматураю дигар оҳанпояҳоро  шикастааст.  Худо ба шукр, ҳоло баъди ин, вазъи марз ором аст ва сокинон ҳама саргарми кору зиндагии худ ҳастанд”, - гуфт Нодира Авезова, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло.

Кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни ҳам  976 километр марзи муштарак доранд, аммо аз ин ҳисоб танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳоло наздик ба 50 % и сарҳади давлатӣ миёни деҳоти ин ду ҳамсоякишвар номуайян боқӣ мондааст. Чунин номуайянӣ, то ин дам борҳо дар рухдоди танишу муноқишаҳо сари тақсими замину об дар марз сабаб шудааст.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190913/1029851131/muzokira-shamol-bahsi-marzi-Tojikistonu-Qirgiziston.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон