Дар Афғонистон гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ва “Толибон” ба нируҳои ҳукуматӣ таслим шуданд

Дар Афғонистон гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ва “Толибон” ба нируҳои ҳукуматӣ таслим шуданд

 Ҷангҷӯён ба нирӯҳои ҳукуматӣ таслим шуданд. Мақомоти Афғонистон аз ин иқдом ҷангҷӯён истиқбол карданд 

Тақрибан 150 ҷангҷӯёни тундрав ба низомиёни афғон дар шарқи вилояти Кунар таслим шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории Khaama press дар истинод ба дафтари матбуоти роҳбари вилоят.

Таъкид шудааст, ки аз 150 нафар таслимшудагон 110 нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон” ва 40 нафараш аъзоёни гурӯҳи ДОИШ (мамнуъ дар Русия) будааст.

Зикр шудааст, ки ҷангҷӯён аз хушунат даст кашиданду, бо хоҳиши худ ба нируҳои ҳукуматӣ таслим шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини волии вилоят Гул Муҳаммад Бедор, намояндагони мақомоти амниятӣ ва кӯҳансолони қабилаҳо аз ин иқдоми ҷангҷӯён истиқбол карданд.

Онҳо таъкид намуданд, ки тасмими халъи силоҳи ҷангҷӯён яке аз гомҳои ҷиди барои расидан сулҳ ва ҳалли мушкилот дар Афғонистон мебошад.

Гул Муҳаммад Бедор таъкид доштааст, ки ҷангҷӯён тамоми силоҳу аслиҳаи худро ба нируҳои амниятӣ супориданд.

Ба гуфтаи вай, ин иқдом имкон медиҳад амнияти вилояти Кунарро боз ҳам хубтар таъмин кард.

Ёдрас мешавем, ки то ҳол даргири миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” дар Афғонистон идома дорад. Ҷунбиши “Толибон” чандин манотиқи Афғонистонро таҳти назорати худ гирифтанд.

Маҳз ба ҳамин зотир нируҳои амниятӣ ва артиши Афғонистон дар тамоми манотиқи кишвар амалиётҳои зидди террористӣ анҷом медиҳад. 



Read more: https://sputnik-tj.com/world/20190905/1029795440/Afgoniston-guruhi-DOISh-Tolibon-hukumat-taslim-.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон