расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД!

. / Ҷомеа

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД!

Дуздӣ амали нангин ва ғайриқонунӣ буда, нафароне, ки даст ба ин кирдори пастзанандаи шаъну шараф мезананд, то охири умр бори шармандагиву тамасхури ҷомеаро ба дӯш хоҳанд дошт. Таассуфовар он аст, ки ин тоифа дар паи рафтори зишташон аҳли оила ва наздиконашонро низ пеши мардум сархаму бадном мекунанд. Офоқ Қодириён сухангӯи РВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки ду нафар сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо гумони даст ба дуздии чорвоҳои калони шохдори шаҳрвандон задан аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудаанд. Гумонбаршудагон Нажмуддинов Кароматулло, соли таваллудаш 1996 (қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаю адои ҷазо кардааст) ва Салимов Ҳафизулло, соли таваллудаш 1992, сокинони ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ. Балхӣ мебошанд. Тибқи фарзияҳои пешакӣ ин ду нафар бо маслиҳати пешакӣ шабона вориди заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур гашта, бо тариқи пинҳонӣ аз набудани одамон истифода намуда, 3 сар чорвои калони шаҳрвандонро рабуда, маблағи ба даст овардаашонро дар эҳтиёҷоти шахсияшон сарф кардаанд. Зарари расонидаашон ба сокинон 18 000 сомониро ташкил медиҳад. Нисбати гумонбарон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.