Генерали украинӣ дар Тоҷикистон сафир шуд

Генерали украинӣ дар Тоҷикистон сафир шуд

 6 августи соли 2019 муовини вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон  Зоҳир Саидзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро қабул намуд. 

Зоҳир Саидзода Василий Серватюкро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.

Ёдовар мешавем, ки Серватюк Василий Николаевич 12 марти соли 1957 дар деҳаи Украинкаи вилояти Кировоград таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи олии ҳарбии сарҳадии ба номи К. Ворошилов (с.1978) ва Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе (с.1987)-ро хатм кардааст. Аз соли 1978 то соли 1992 дар Закавказ ва Осиёи Миёна хизмат кардааст. Сафири навтаъини Украина рутбаи генерал-лейтенант дорад. Ӯ доктори илмҳои ҳарбӣ оид ба ихтисоси «Ҳимояи сарҳади давлатӣ», профессор мебошад.

То таъин шудани В. Серватюк намояндагии дипломатии Украинаро дар Тоҷикистон Виктор Никитюк, ки аз моҳи августи соли 2012 то октябри соли 2018 ҳамчун сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, намояндагӣ мекард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон