Амалиёти махсус барои боздошти Отамбоев. Захмиҳо ҳастанд

Амалиёти махсус барои боздошти Отамбоев. Захмиҳо ҳастанд

 Нерӯҳои вижаи Қирғизистон рӯзи 8-уми август ба хонаи президенти пешин Алмосбек Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош рафтанд, то ӯро дастгир кунанд. Тарафдорони Отамбоев ӯро иҳота карда, монеи амалкарди нерӯҳои махсус мешаванд. 

Дар ин ҳодиса захмиҳо ҳастанд, вале шумораашон дақиқ нест. Садои тирпаронӣ ва таркиш шунида мешавад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шоми 7-уми август дар изҳороте гуфт, амалиёти боздошти Отамбоевро нерӯҳои вижаи ин ниҳод ба уҳда доранд. Вале мақомоти Кумитаи амният гуфтаанд, дар ҷараёни амалиёт аз силоҳи ҷангӣ истифода нашудааст. "Нерӯҳо бо тирҳои резинӣ муҷаҳҳазанд. Дар ҳоли ҳозир амалиёти боздошт идома дорад", -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Алмосбек Отамбоев се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале онҳоро рад кард. Вакили дифои президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоев ба фишор овардан ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек муттаҳам аст. Вале худи Отамбоев гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

Вай барои ба сари қудрат омадани президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков кумак кардааст, вале баъди интихобот равобити онҳо бад шуд ва мунтақидони Отамбоев дар ҳукумат ва порлумон ба маҳрум кардани президенти собиқ аз масуният, иқдом карданд. Вай гуфтааст, то охир аз ҳаққи худ дифоъ мекунад.

Ҳайате бо роҳбарии Алмосбек Отамбоев рӯзи 24-уми июл аз пойгоҳи низомии Канти он кишвар ба Русия рафт. Отамбоев дар шаҳри Маскав бо Владимир Путин мулоқот кард.

Дертар хадамоти матбуотии президенти Русия иттилоъ дод, ки Владимир Путин Отамбоевро ба ҳузур пазируфтааст. Путин гуфт, "Қирғизистон ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи шаҳрвандон бояд дар атрофи президенти феълӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди кишвар кумак расонанд".

Худи Отамбоев баъди бозгашт ба Қирғизистон ба рӯзноманигорон гуфт, наметавонист, аз сафар ба Русия худдорӣ кунад, зеро президенти Путин чанд дафъа ӯро ба мулоқот даъват карда буд.

"Вай нигарони Қирғизистон аст, шумо изҳороти ӯро шунидед. Нигарон аст, ки мабодо бори севум инқилоб сурат гирад. Ман ба вай гуфтам, ки инқилобро ҳамеша ҳукуматҳо анҷом медиҳанд. Мардум аз ночорӣ ба кӯча мебароянд", -- гуфт Отамбоев.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон