Расонаҳои Амрико: Писари Ибни Лодин кушта шуд

Расонаҳои Амрико: Писари Ибни Лодин кушта шуд

 Расонаҳои амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе аз кушта шудани Ҳамза бини Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари пешини гуруҳи террористии «ал-Қоида» хабар доданд. 

Дар ин бора ба як манбаъ дар маъмурияти президенти ИМА истинод шудааст, ки номаш гуфта намешавад. Ба иттилои NBC News, дар Кохи сафед бовар доранд, ки Ҳамза бин Лодин дар натиҷаи амалиёте бо иштироки низомиёни ИМА кушта шудааст. New York Times мегӯяд, амалиёти мазкур тайи ду соли ахир сурат гирифта, вале то чанд рӯзи пеш далелҳое рӯи даст набуданд, ки марги Ҳамзаро тасдиқ кунанд.

Департаменти давлатии ИМА расо як сол пеш хабар дод, ки Ҳамза бин Лодин беш аз 30 сол дошта, вориси эҳтимолии мақоми падараш дар гуруҳи террористии ал-Қоида хоҳад буд. ИМА барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши Ҳамза 1 млн доллар мукофот эълом кард.

Мукофот пас аз он эълом шуд, ки Ҳамза бин Лодин бо нашри наворҳои садоиву видеоӣ аз пайравони худ даъват кард, ба Амрико ва ҳампаймононаш ҳамла кунанд. Ӯ гуфт, қасоси марги падарашро хоҳад гирифт, ки соли 2011 дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд. Яке аз писарони Усома бин Лодинро он замон ҳамроҳи падараш куштанд ва писари севумаш дар фаъолиятҳои террористӣ иштирок надошт.

Нашрияҳои Арабистони Саудӣ низ моҳи марти соли равон хабар доданд, ки мақомоти ин кишвар шаҳрвандии Ҳамзаро бекор карданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон