Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором шудааст

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором шудааст

 Мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки феълан вазъият дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон пас  аз ташаннуҷи ҳафтаи ахир ба эътидол омадааст. 

Ба гуфтаи Дамир Сагинбоев, котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон, роҳи автомобилгарди Исфара-Ворух, ки аз ҳудуди Қирғизистон убур мекунад, боз шуда ва сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон аз манотиқи марзӣ берун бурда шудаанд.

Интизор меравад, имрӯз, 26 июл Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой мулоқот кунанд.

Ин дидори президентҳои ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Бар асари задухӯрд ва тирандозӣ Ҷалолиддин Қароеви 52-сола, сокини Ворух кушта шуда ва аз ҳар ду ҷониб ҳудуди 20 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25 июл иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ анҷом дода ва сипас, дар шаҳри Исфара гуфтугӯҳои худро идома медиҳанд.

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ ва роҳу бозор даст ба гиребон шудаанд ва тоҳ ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон