Пешниҳоди номзадии вазири дифои Олмон ба мақоми раҳбарии Комиссияи Аврупо

Пешниҳоди номзадии вазири дифои Олмон ба мақоми раҳбарии Комиссияи Аврупо

 Номзадии вазири дифои Олмон Урсула фон дер Ляйен ба мақоми раҳбарии Комиссияи Аврупо пешбарӣ шуд. Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар "Твиттер" хабар дод, ки ин тасмимро рӯзи сешанбе дар саммити Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел гирифтанд.

Агар номзадии Урсула фон дер Ляйенро порлумони Аврупо таъйид кунад, ӯ нахустин зане хоҳад шуд, ки мақомоти иҷроияро дар Иттиҳоди Аврупо раҳбарӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин нахустин зане аст, ки вазири дифои Олмон таъйин шудааст.

Гуфтугӯи раҳбарони Иттиҳоди Аврупо барои интихоби номзад ба мақоми раҳбарии Комиссияи Аврупо се рӯз идома ёфта, ҷонибҳо дар ҷараёни он натавонистанд, шахсеро пайдо кунанд, ки мавриди ҳимояти ҳама бошад. Дар ниҳоят Туск ва як қатор раҳбарони кишварҳои Аврупо, аз ҷумла садри аъзами Олмон Ангела Меркел номзадии Франс Тиммерманси сотсиал-демократ аз Нидерландияро рӯзи якшанбе пешниҳод карданд.

Вале рӯзҳои душанбе ва сешанбе бештари кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ ба раҳбарии Лаҳистон зидди номзадии ӯ баромаданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон