Вокуниши Убайдуллоев ба боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

 Вокуниши Убайдуллоев ба боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

 Вокуниши Убайдуллоев ба боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ба боздошти шаҳрвандони кишвар дар Маскав вокуниш кард.

Ӯ рӯзи 12-уми июн дар Душанбе гуфт, "дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва бе нақзи шарафу ҳуқуқи фитрии инсон баррасӣ карда шаванд."

Раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, дар робита ба ҳодисаи мазкур сафорати Тоҷикистон дар Русия машғул аст ва "порлумон низ дар доираи салоҳиятҳои худ амали воқеъгардидаро пайгирӣ менамояд."

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон