Расонаҳо: Бародари Ким Чен Ин эҳтимол хабаррасони мақомоти ИМА буд

Расонаҳо: Бародари Ким Чен Ин эҳтимол хабаррасони мақомоти ИМА буд

 Бародари Ким Чен Ин, роҳбари Куриёи Шимолӣ эҳтимол дорад, ки хабаррасони Раёсати марказии иктишофии Амрико буд.

Дар ин бора нашрияи амрикоии The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи нашрия, бародари Ким Чен Ин борҳо бо кормандони иктишофии Амрико мулоқот карда, ҳамзамон пеш аз маргаш дар моҳи феврали соли 2017 дар Малайзия ба мулоқоти намояндагони иктишофии Амрико равона буд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ дар ҳукумати Амрико мегӯянд, Ким Чен Нам, бародари Ким Чен Ин солҳои тӯлонӣ берун аз Куриёи Шимолӣ зиндагӣ мекард ва дар бораи он кишвар иттилои кофӣ надошт.

Ким Чен Нам моҳи феврали соли 2017 дар фурудгоҳи Куала-Лумпури Малайзия кушта шуд.

Рӯймолчаи заҳролудро ба рӯи вай партофтанд ва вай дар чанд лаҳза вафот кард. Ду зан бо айби қатли Нам зиндонӣ шуданд. Вакилони мудофеи занҳо гуфтанд, ки онҳоро бо роҳи фиреб ба қатли Нам ҷалб карда буданд. Занҳо гуфтанд, фикр мекарданд, дар кадом "мазҳакае" ширкат мекунанд. Айни замон ҳар ду зан аз зиндон раҳо шудаанд.

Ким Чен Нам писари калонии роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ буд. Дар ибтидо ӯро меросбари ҳукумати Куриёи Шимолӣ унвон мекарданд. Вале вай ба хашми роҳбари Куриёи Шимолӣ гирифтор ва ба хориҷ фирор кард.

Баъди марги падараш Ким Чен Ин - бародари хурдии Ким Чен Нам сари қудрат омад. Нам аз сиёсатҳои Куриёи Шимолӣ интиқод мекард. Мақомоти Куриёи Ҷанубӣ мегӯянд, эҳтимол дорад, мақомоти махсуси Куриёи Шимолӣ дар куштори Нам даст дошта бошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон