HRW аз СММ хост, ба парвандаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон тавваҷуҳ кунад

HRW аз СММ хост, ба парвандаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон тавваҷуҳ кунад

 Human Rights Watch (Дидбони ҳуқуқи башар) аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ҳангоми баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба таври махсус ба сарнавишти онҳое таваҷҷуҳ кунад, ки бо далелҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд. Ҷаласа моҳи июли имсол дар Женева баргузор хоҳад шуд.

Дар муроҷиати Дидбони ҳуқуқи башар аз 11-уми июн гуфта мешавад, аз соли 2014 то кунун беш аз 150 нафар аз фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, мухолифони сиёсӣ ва дигарон "бар асоси заминаҳои сиёсӣ" ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ дар маҳбасҳои ин кишварро рад кардаанд. Мақомот мегӯянд, онҳое, ки дар гузоришҳои байналмилалӣ ҳамчун зиндонии сиёсӣ зикр мешаванд, барои аъмоли ҷиноӣ ҳукм гирифтаанд, на фаъолияти сиёсӣ.

Аммо ба навиштаи Human Rights Watch, "дар фазои афзоиши саркӯбҳои сиёсӣ ва маҳдудиятҳои озодии баён, ки аз соли 2015 оғоз шудааст, даҳҳо нафар ҳукми тӯлонӣ гирифта, ҳукми онҳо дар дохили зиндон ҳам поймол мешавад".

Фаъолони ҳуқуқ аз сарнавишти даҳҳо нафар ёдовар шуда, аз СММ хостаанд, ки мавқеи ҳукумати Тоҷикистонро нисбат ба вазъи нигаҳдории ин шахсиятҳо ва имкони бозбинии парвандаҳояшон бипурсад.

Human Rights Watch инчунин ба ошӯбҳо дар зиндони Хуҷанд ва Ваҳдат дар моҳҳои ноябри соли гузашта маи имсол таваҷҷӯҳ кардааст. Масъулони созмон гуфтанд, дар дохили зиндон шароити зоҳиран “ихтилоф миёни пайравони ДИИШ ва ҲНИТ” эҷод шудааст ва ин ҳолат “ба ҷони зиндониҳои сиёсӣ аз ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ хатар эҷод мекунад”.

Феълан мақомоти тоҷик ба ин изҳорот вокуниш накардаанд. Вале ба иттилои расмӣ, қарор аст, рӯзҳои 2-3-юми июл дар Женева гурӯҳе аз ҳукумати Тоҷикистон дар нишасте бо аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ширкат кунад.

Дар ин нишасти солона давлати Тоҷикистон ба Созмони Милал гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои иҷрои ӯҳдадориҳояш дар риояи ҳуқуқи инсон ва Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ чӣ корҳоеро анҷом додааст.

Навбати посух додан ба намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3-юми июл аст ва интизор меравад, дар ин муколама аз муноқиша дар Хоруғ дар соли 2014 сар карда то ба мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ба зиндон андохтани раҳбарони он суолҳое садо диҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон