расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ИА ба кишварҳои ОМ барои мубориза COVID-19 миллионҳо евро ҷудо кард

. / Сиёсат

ИА ба кишварҳои ОМ барои мубориза COVID-19 миллионҳо евро ҷудо кард

Аз ин миқдор чӣ қадар ба Тоҷикистон ҷудо шудан алҳол маълум нест.

17 ноябр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 16-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок кард
Сурат: ВКХ Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар пасманзари пандемияи коронавирус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) беш аз 134 миллион евро (ҳудуди 159 миллион доллар) ҷудо кард, менависад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

"Ин маблағ барои қонеъ кардани ниёзмандии таъхирнопазири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои тақвияти низомҳои тандурустӣ, обёрӣ, беҳдоштӣ ва ҳалли оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии коронавирус дар ин кишварҳо ҷудо карда шуд", - омадааст дар изҳороте, ки баъди ба анҷом расидани 16-умин ҷаласаи солонаи "ИА – Осиёи Марказӣ" зери раҳбарии намояндаи ИА дар умури хориҷӣ Жозеп Боррел нашр шуд.
Дар изҳорот қайд шудааст, ки иштирокдорони конфронси видеоӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти "тақвияти устуворӣ, шукуфоӣ, сабзгардонӣ ва корҳои барқарорсозӣ пас аз пандемияи коронавирус баён карданд".
Ҳамчунин онҳо ба зарурати пешрафт дар соҳаҳои волоияти қонун, мудирияти демократӣ, ҳуқуқи инсон, бо шумули ҳуқуқҳои асосӣ дар бахши кору баробарии гендерӣ таъкид кардаанд.
Аз ин миқдор ба ҳар кадоме аз кишварҳои минтақа додани чӣ қадар маблағ маълум нест: дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон низ чунин маълумот нест.
Сурат: ВКХ Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо моҳи июли соли равон аз тасмими худ барои кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буд. Иттиҳод гуфт, мехоҳад барои таъмини талаботи кишварҳои минтақа 3 миллион евро ҷудо кунад. Ин пул ба сабуктар кардани оқибатҳои пандемияи коронавирус равона мешавад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.