расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Чин: Дипломати 61-солаи бритониёӣ духтареро аз ғарқшавӣ наҷот дод

. / Ҷаҳон

Чин: Дипломати 61-солаи бритониёӣ духтареро аз ғарқшавӣ наҷот дод

Элиссон акнун қаҳрамону чанде норозианд, ки чаро ба ҷуз ӯ, дигарон низ ба ёрӣ нашитофтанд.

Сурат: Reuters
Консули генералии Британияи Кабир дар Чунсин Стивен Эллисон донишҷӯдухтареро аз ғарқшавӣ дар дарё наҷот дод, менависад Медуза.
Ҳодиса рӯзи 14 ноябр дар шаҳри Чжуншан дар хатсайри миёни мардум писандидаи сайёҳӣ рух дод. Духатри 24-сола аз пул ба об меафтад. Паҳлӯяш одамони бисёре буданд, ки инро диданд, лекин касе талош наварзид, ки аз паси ӯ худро ба об партояд. Эллисони 61-сола ин корро ба дӯши худ гирифта, назди духтари азҳушрафта шино карда омад. Ба онҳо таҷҳизоти наҷотдиҳӣ партофта, барои аз об баромадан кумак карданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоии Чин аксарияти корбарон Элиссонро қаҳрамон номиданд, лекин бсиёре аз онҳо низ изҳори норозигӣ карданд, ки чаро ба ҷуз як хориҷӣ, каси дигаре ба ёрии духтар нашитофт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.