Чин “шикофи марзӣ”-ро мебандад ва замин ба Тоҷикистон бармегардад?

Чин “шикофи марзӣ”-ро мебандад ва замин ба Тоҷикистон бармегардад?

 Чин ба Душанбе кумак кардааст, то барои бастани бузургтарин шикофи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, роҳ бисозад.

Ин роҳ, ки мақомот онро барои ҳифзи марз дорои аҳамияти "стратегӣ" унвон мекунанд, лаб-лаби соҳили Панҷ аз самти Тоҷикистон сохта мешавад ва беш аз 70 километр дарозӣ дорад.

Аз деҳаи Анҷироби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то минтақаи Баҳораки ин ноҳия канори рӯдхонаи Панҷ, бинобар кӯҳпораҳои сангӣ, роҳе вуҷуд надорад. Набуди роҳ назорати минтақаҳои зиёди марзиро душвор кардааст ва ҳатто қисмате аз заминҳои Тоҷикистон аз ҷониби кочоқбарон ва сокинони одии Афғонистон истифода мешавад.

Мақомот маблағеро, ки барои сохтмони ин роҳ ҷудо шудааст, эълон накардаанд, вале мегӯянд, роҳ бояд то соли 2021 сохта шавад.

Почохон Зарифӣ, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, рӯзи 17-уми май гуфт, "ин роҳ на танҳо барои сокинони ноҳия, балки барои амнияти кишвар ҳам муҳим аст. Сохтмони ин роҳ дар мадди назари ҳукумати ҷумҳурӣ аст."

Ҷумҳурии Чин, ки бештар дар Тоҷикистон тарҳҳои иқтисодиро сармоягузорӣ мекард, дар се соли охир ба амнияти марз дар ин кишвари ҳамсояаш низ таваҷҷӯҳ кардааст. Маҳз дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се сол пеш қисми ҳарбии “Гулхан” ва беш аз 20 постгоҳи хурду бузурги марзбонӣ бо сармояи Чин дар доираи мубориза бо терроризм бунёд шуд.

Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин ноҳия аз соҳили рӯдхонаи Панҷ, ки муайянкунандаи марз ҳисобида мешавад, дар масофаи дур ҷойгир шудааст.

Абдушафеъ Тоҷов, майори бознишастаи марзбонӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар марзи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон хидмат кардааст, мегӯяд, таваҷҷӯҳи ҳукумат ва Чин ба марз дар ин ноҳия беҳуда нест.

Ӯ гуфт, зарурати таҳкими марз ва бастани ин шикофи марзӣ дар пайи афзоиши ҷонибдорони гурӯҳи тундрави ДИИШ дар шимоли Афғонистон ба миён омдааст, ки ҳамзамон ба Чин низ метавонанд аз тариқи хоки Тоҷикистон таҳдид кунанд.

Ин марзбони собиқадор мегӯяд, аз замони Шӯравӣ то ҳол бинобар набуди роҳи нақлиётӣ дар канори рӯдхонаи Панҷ 41 километр хатти марз дар ноҳияи Шоҳин (Шӯрободи собиқ) назорат намешавад. Ӯ гуфт, беш аз 33 ҳазор гектар замин пас аз пошхӯрии Шӯравӣ аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон истифода мешавад.

"Дар минтақаҳои дигар аз канори дарёи Панҷ он тараф мушоҳида мешавад. Ин ҷо то лаби дарё рафтан тариқи ғору кӯҳу ҷангали мушкилгузар кори сахт аст. Дар ин ҷо мавзее ҳаст, ки тобистон шаҳрвандони Афғонистон молҳояшонро барои чаронидан меоранд. Ҳазорон дарахти арчаро бурида бурдаанд. Бузҳои нодирро шикор мекунанд. Кочоқбарон он ҷоро ба паноҳгоҳи амни худ табдил додаанд”, -- гуфт ӯ.

Дар минтақа сокинони маҳаллӣ зиндагӣ намекунанд ва Абдушафеъ Тоҷов мегӯяд, ҳоло нигаронии ҳукумат аз дигар чиз аст.

"Қочоқбарон хатари фарогир ба амнияти кишвар надоштанд. Лекин ҳоло ин шикофи марзиро гурӯҳҳои террористӣ метавонанд истифода кунанд. Гуруҳҳое, ки дар наздикиҳои марзи мо ҷамъ мешаванд. Ҳукумат ин хатарро дарк кардааст ва Чин ҳам манфиатдор аст", -- афзуд ӯ.

Талошҳои сохтани роҳ ва тақвияти ин минтақаи марзӣ дар ҳолест, ки тайи чор соли ахир мақомоти тоҷику афғон аз ҳузури теъдоди бузурги ҷангҷӯёни тундрав дар марз сӯҳбат мекунанд. Ҷангҷӯёне, ки ба гуфтаи коршиносон, дар сурати талоши вуруд ба Осиёи Марказӣ аз шикофҳои беназорати марзӣ истифода хоҳанд кард.

Марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон, ки беш аз сад километр дарозӣ дорад, аз қитъаи назораташ мушкили сарҳади Тоҷикистон аст.

Неъмат Наимов, сардори пешини Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯробод мегӯяд, набуди роҳи назоратӣ дар марз кори маъмурони пулис ва марзбононро душвор кардааст. “Оғози сохтмони ин роҳ бароям хабари хуш аст. Набудани ин роҳ хати аввали дифоӣ дар марзро бисёр заиф карда буд. Ба қочоқбарон имкон медиҳад, ки даҳҳо километр вориди хоки Тоҷикистон шаванд. Ин роҳ сохта шавад, кори кормандони милиса ва марзбонон осон мешавад”, -- шарҳ дод ӯ.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад. Солона даҳҳо ҳодисаи убури ин марз аз ҷониби кочоқбарон сабт мешавад. Чин аз кишварҳоест, ки тоза барои тақвияти марзҳо кумак мекунад. Аз ин пеш, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо садҳо миллион доллар барои тақвияти марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ёрӣ кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон