Ях об мешавад? Душанбе ва Теҳрон муовинони вазирро сафир таъйин карданд

Ях об мешавад? Душанбе ва Теҳрон муовинони вазирро сафир таъйин карданд

 

10 апрел бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин гардид.

 

Зоҳидӣ дар ин маснад Неъматулло Усмонзодаро иваз намуд, ки ҳанӯз моҳи феврал аз вазифа озод шуда буд.

 

Оғози моҳи марти ҳамин сол Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, ки аз соли 2014 дар ин мақом ифои вазифа менамуд, аз мақом озод гардида буд. Ӯро дар ин маснад Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ки қаблан дар вазифаи муовини умури идорӣ ва молии Вазорати корҳои хориҷии Эрон фаъолият дошт, иваз намуд.

Ях об мешавад? Душанбе ва Теҳрон муовинони вазирро сафир таъйин карданд

                                                  Низомиддин Зоҳидӣ (дар байн) дар мулоқот бо Президент, 10 апрели соли 2019.

 

Таъйини дипломатҳои воломақом ба маснади сафирӣ дар Душанбе ва Теҳрон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷонибҳо барои беҳбуди муносибатҳо ҷиддан иқдом кардаанд, мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад, коршинос оид ба масоили Афғонистон ва Эрон.

 

Ӯ дар суҳбат ба “Азия - Плюс” гуфт, ки сафир таъйин кардани дипломатҳои пуртаҷриба аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миёни роҳбарони сиёсии ду кишвар ҳусни тафоҳум ба миён омадааст.

Ях об мешавад? Душанбе ва Теҳрон муовинони вазирро сафир таъйин карданд

 

“Дар муносибатҳои ду кишвар дар самти иқтисодиёт, савдо, маблағгузорӣ, фарҳанг захираву имкониятҳои истифоданашудаи зиёд мавҷуд аст ва беҳ гардидани муносибатҳо имконияти амалӣ намудани онҳоро бештар менамояд”,- иброз намуд коршинос.

 

Гузашта аз ин, дар шароите, ки алайҳи Эрон таҳримҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва сиёсӣ ҷорӣ гардидааст, Теҳрон ба муттаҳидон дар ҳар минтақаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ бештар ниёз дорад.

 

 

Ях об мешавад? Душанбе ва Теҳрон муовинони вазирро сафир таъйин карданд

 

Ин коршинос бовар дорад, ки беҳ шудани муносибатҳои Душанбеву Теҳрон алоқаи Эронро бо давлатҳои пасошӯравии минтақа тақвият мебахшад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси дигари тоҷик ба нақши фард дар муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ карда, зикр намуд, ки Низомиддин Зоҳидӣ дипломати соҳибтаҷриба ва шахси донишманд аст. Ӯ мегӯяд, сафири нави Тоҷикистон дар Эрон вазъи кишварҳои Ховари Миёнаро омӯхтаву хуб дарк мекунад. Аз ин сабаб, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба метавонад нақши муаасир дошта бошад.

- Айни замон муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон марҳилаи душвор ва ҳассосро паси сар мекунанд. Таъйини дипломатҳои пуртаҷриба ва баландмақом ҳамчун сафир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон хостори беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба ҳастанд,- мегӯяд Ғанӣ Абдулло.

Рашид Ғанӣ Абдулло аҳамияти хос доштани муносибати ҳасана барои ҳар ду кишварро зикр карда, таъкид менамояд, ки сардии муносибат ба манфиати Тоҷикистону Эрон нест. Ба андешаи ин коршинос, Тоҷикистон ва Эрон забону фарҳанг ва робитаҳои таърихии муштарак дошта, сардие, ки дар муносибатҳои ду давлат мушоҳида мешавад, муваққатӣ аст.

 

Ях об мешавад? Душанбе ва Теҳрон муовинони вазирро сафир таъйин карданд

 

Сарфи назар аз таҳримҳои сиёсиву иқтисодӣ, Эрон иқтидори бузурги иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва сармоягузорӣ дорад. Мо бояд аз ин зарфиятҳо истифода барем. Ҳамчунин, Эрон ҳам аз муносибати хуби Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷи Форс ҷиҳати беҳ кардани муносибаташ бо ин кишварҳо истифода намояд,- иброз дошт коршинос.

Муносибати Тоҷикистону Эрон

 

Дар муносибати тоҷикон ва эрониён мушкил набояд бошад: ҳар ду ҷониб манфиатдори ҳамкорианд, мегӯянд коршиносон.

Моҳи феврали соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ зикр карда буд, ки ҷониби Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба бо Эрон талош мекунад.

 

- Эрон аввалин давлате буд, ки соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро расман эътироф кард ва соли 1992 сафорати худро дар Душанбе боз кард. Касе наметавонад робитаи таърихиву фарҳангии ин ду давлатро инкор намояд. Муносибатҳои кишварҳои мо то воқеаҳои 4 сентябри соли 2015 (исёни генерал Абдуҳалим Назарзода. – аз нашрия) хеле хуб буд, - зикр карда буд вазир.

 

Эрон аввалин давлате буд, ки 8 январи соли 1992 намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон боз намуд. Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли соли 1995 ифтитоҳ гардид. Эрон дар Тоҷикистон ду лоиҳаи бузург – “Нақби Истиқлол” дар гарданаи ағбаи Анзоб ва Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-ро маблағгузорӣ намуд.

 

То чанд соли пеш Эрон яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 2013 гардиши мол байни ду кишвар 292,3 млн долларро ташкил намуда буд. Аз ҷумла Тоҷикистон ба Эрон ба миқдори 115,6 млн доллар мол содирот карда буд.

 

Тоҷирони ҳар ду кишвар робитаҳои зичро ба роҳ монда буданд ва дар кишварҳои ҳамдигар тиҷорат мекарданд. Ҳамкориҳои фарҳангӣ низ байни ду кишвар дар сатҳи хеле боло қарор дошт. Дар Тоҷикистон Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ амал мекард, ки ба сокинони Тоҷикистон кӯмак менамуд.

 

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/politics/20190411/yah-ob-meshavad-dushanbe-va-teron-muovinoni-vazirro-safir-taiin-kardand

назари худро нависед
Ба назари ман барои беҳбуди бахшидан ба муносибатҳои ин ду кишвари ҳамдину ҳамзабон, пеш аз ҳама бояд ҷониби Тоҷикистон аз гунаҳгор донистани Ҷумҳурии Исломии Ирон дар воқеаҳои ҷанги шаҳрванди даст кашад, ҳамагон медонанд ки гунаҳгори асоси дар ҷанги дохилии Тоҷикистон Руссияву Узбекисон мебошанд.
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон