Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 14 март ҷиҳати иштирок дар кори нахустин Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки имрӯз бо иштироки муовинни сарвазирони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад, ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Ҳайати Тоҷикистонро, ки ба он вазирони нақлиёт Худоёр Худоёрзода, саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, раисони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ва муовинони чанде аз вазорату идораҳои дигар шомиланд, муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоҳир Зокирзода роҳбарӣ мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар форум баррасии масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ, ҳавасмандсозии савдои байниминтақавӣ, беҳбуди вазъи соҳаи сайёҳӣ, тақвияти имконоти ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити молу маҳсулот дар назар аст.

Дар кори форум беш аз 200 нафар роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, доираҳои тиҷоратӣ, коршиносону таҳлилгарони минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин сармоягузорони имконпазири берун аз ҳудуди минтақа ширкат меварзанд.

Дар чаҳорчӯби барномаи кори форум дар Маркази миллии намоишгоҳҳои “Узэкспоцентр» намоишгоҳи маҳсулоти кигшварҳои истеҳсолкунанда доир мегардад.

Пас аз анҷоми кори форум дар шаҳри Токшканд вохӯрии кории муовинони сарвазирони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор мешавад.