ОҒОЗИ ТАҲҚИҚИ ФАРОГИРИ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ ДАР ҲОЛЛАНД

 

Муассисаҳои тиббии Ҳолланд ба таҳқиқи тиббии фарогири вазъи саломатии Шарофиддин Гадоев, роҳбари ҷунбиши оппозитсионии "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” оғоз кардаанд. Гадоев рӯзи 8 март ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ки дар рафти ин таҳқиқот бо анҷоми ташхисҳои токсикологӣ эҳтимоли заҳролудшавиашро низ ташхис мекунанд. Гадоев аз 15 феврал то 2 март дар Тоҷикистон дар боздошт қарор дошт. Баъди бозгашташ ба Аврупо, Гадоев изҳор дошт, ки ӯро дар Маскав рабуда, маҷбуран ба Тоҷикистон бурданд. Гадоев рӯзи 7 март дар нишасти хабариаш дар Амстердам гуфт, мақомоти амниятии Тоҷикистон бо мақсади пӯшондани ин одамрабоӣ ба вай фишор овардаанд, ки ин қазияро дар ягон ҷо фош накунад.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 8 март дар як суҳбати кӯтоҳ бо сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки бо машварати дӯстону ҳаводорон, ба таҳқиқи фарогири тиббии вазъи саломатиаш дар муассисаҳои тиббии Ҳолланд шурӯъ кардааст. Гадоев дар Шоҳигарии Ҳолланд мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифтааст ва таҳти ҳимояти байналмилалии ин кишвари Аврупо қарор дорад.

Шарофиддин Гадоев гуфт: "Алакай ба супурдани ташхисҳо дар бемористон ва таҳқиқоти тиббӣ шурӯъ кардам. Ин яке аз марҳалаҳои таҳқиқоти фарогири тиббист. Барои ман чанд давраи ташхису таҳқиқоти гуногунро таъйин кардаанд, ки ҳафтаи оянда низ идома хоҳад ёфт.”

Гадоев афзуд, ки ин таҳқиқоти фарогир ташхисҳои токсигологиро низ дар бар мегирад, ки дар ҷараёни эҳтимоли заҳролудшавӣ ва истифодаи воситаҳои заҳрдор дар бадани вайро низ ташхис хоҳанд кард.

Гадоев гуфт, дӯстони зиёде ва ҳамчунин сохторҳое, ки медонанд, ки аз сари вай чӣ гузашт, бо исрор машварат додаанд, ки вай бояд аз чунин як таҳқиқоти фарогири тиббӣ гузарад, чунки маълум нест, ки рӯзҳои боздошташ дар Тоҷикистон бо вай чӣ кардаанд?

«Барои ин таҳқиқоти фарогир ман бояд ба муассисаҳои гуногуни тиббӣ – аз поликлиникаи маҳаллӣ то озмоишгоҳҳои гуногун ва клиникаву бемористонҳои бузурги Ҳолланд биравам,» - гуфт ин сиёсатмадори мухолиф.

Шарофиддин Гадоев, яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати кунунии Тоҷикитон, ки 33 сол дорад ва соли 2012 тарки Тоҷикистон карда, се соли охир дар Ҳолланд мақоми паноҳандаи сиёсӣ дошт, рӯзи 13 феврал ба Маскав сафар кард. Ӯ барои рӯзи 16 феврал билети бозгашт ба Амстердамро дар даст дошт, вале субҳи 15 феврал ба таври пурасрор дар Душанбе пайдо шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Гадоев аз кирдораш сидқан пушаймон шуда, бо ихтиёри худ ба Ватан баргаштааст ва мехоҳад, ки ба аъмоли ӯ тибқи қонунҳои Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Тӯли чанд рӯзи аввал чанд видеои Гадоев аз Душанбе нашр шуд, ки дар онҳо ин намояндаи мухолифин ҳамсафонашро танқид карда, исрор меварзид, ки бо хоҳиши худ баргаштааст ва аз карда пушаймон аст. Дар Интернет ҳатто филме пахш шуд, ки чӣ гуна Гадоев ба ШВКД фурудгоҳи Душанбе ҳозир шуда, онҷо дархости афв пур мекунад.

Аммо рӯзи 20 феврал мухолифини тоҷик видеоеро нашр карданд, ки Гадоев қабл аз сафараш ба Маскав сабт карда буд. Ӯ дар ин видео мегуфт, ки агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шавад, ин ба маъноест, ки ӯро дуздидаанд, чунки вай бо хоҳиши худаш ҳеҷ гоҳ барнамегардад.

Ба дунбол, 4 созмони ҳомии ҳуқуқ раҳоии Гадоевро талаб карданд ва гуфтанд, ки ӯро дар Русия рабуда, маҷбуран ба Тоҷикистон бурдаанд.

Дар пайи ин ҳама, мақомоти Ҳолланд ва кишварҳои Аврупо барои раҳоии Гадоев дастбакор шуданд ва дар натиҷаи ин миёнаравиҳо, мақомоти Тоҷикистон ба раҳоии Шарофиддин Гадоев розӣ шуданд ва ӯро шаби 2 март бо ҳавопаймои Душанбе – Франкфурт ба Аврупо пас фиристоданд.

Мақомоти Душанбе ва ҳамин тавр, мақомоти аврупоӣ то кунун сабаби раҳоии Гадоев ва ҷузъиёти ин миёнаравиҳоро шарҳ надодаанд.

Вале худи Гадоев баъди бозгашташ рӯзи 7 март дар шаҳри Амстердам дар як нишасти хабарӣ ҷузъиёти моҷарои ба сараш омадаро қисса кард. Ӯ бори дигар изҳор дошт, ки вайро дар Маскав бо кумаки мақомоти қудратии Русия рабуда, маҷбуран ба Тоҷикистон бурданд ва ӯ дар Тоҷикистон тӯли 15 рӯз таҳти боздошт ва фишори афзоянда қарор дошт.

Гадоев гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон мехостанд аз вай "як актёр” сохта, ба зидди оппозитсия истифода баранд, вале таҳти фишори афзояндаи бахусус кишварҳои Аврупо ва мақомоти Ҳолланд маҷбур шуданд, ки ӯро ба Аврупо баргардонанд.



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон