расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Чемпионати ҷудои Тоҷикистон бе тамошибин баргузор мешавад

. / Варзиш

Чемпионати ҷудои Тоҷикистон бе тамошибин баргузор мешавад

Аммо телевизионҳои варзишии кишвар раванди онро ба таври мустақим нишон медиҳанд.

Сурат: judo.tj
Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон рӯзҳои 13-15-уми ноябр дар Қасри тенис ва маҷмааи обии пойтахт бидуни иштироки мухлисон ё тамошобинон баргузор мешавад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудо имсол ба далели ҳамагирии коронавирус ва “бинобар сабаби маҳдудиятҳои давраи имрӯза иштироки мухлисон дар толор иҷозат нест”.
Аммо телевизиони “Варзиш” хабар додааст, ки раванди сабқати паҳлавононро ба таври зинда нашр мекунанд ва мухлисони ҷудо метавонанд онро аз ин телевизион ва шабакаи “Футбол” бубинанд. Оғоғи сабқатҳои муқаддамотӣ аз соати 09.00 ва вохӯриҳи финалӣ аз соати 17.30 гуфта мешавад.
Дар назар аст, ки паҳлавонони минтақаҳои Суғду Хатлон, Бадахшону навоҳии тобеи марказ  ва шаҳри Душанбе барои дарёфти унвони Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 дар вазнҳои -60, -66, -73, -81, -90, -100 ва +100 майдондорӣ намоянд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.