ФСБ РУСИЯ ЯК РОҲБАРИ ҲНИТ-РО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД

Мақомоти раёсати ФСБ Русия дар вилояти Самара хабар доданд, ки Раҳматулло Баротов, роҳбари яке аз шуъбаҳои ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро иҷборан аз қаламрави Русия берун карда, ба дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон супурдаанд. Бино ба ин манбаъ, Баротови 52-сола аз фурудгоҳи "Курумоч”-и Самара ба Душанбе фиристода шудааст. Раҳматулло Баротов то замони манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 роҳбарии шуъбаи ин ҳизби оппозитсионӣ дар шаҳри Турсунзодаро ба ӯҳда дошт. Бино ба иттилои сомонаи "Ахбор”, Раҳматулло Баротов бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргаштааст, вале то ҳол дар боздошт қарор дорад.

Маркази матбуоти УФСБ вилояти Самара рӯзи 13 феврал хабари ба мақомоти амниятии Тоҷикистон супурда шудани Раҳматулло Баротов, яке аз раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро тасдиқ кард.

Бино ба иттилоияи УФСБ Самара, Раҳматулло Баротов моҳи июли соли 2015, ду моҳ қабл аз манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон тарки кишвар карда, дар Самара ба сар мебурд.

Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ки "Баротов аз манъи қарибулвуқӯъи фаъолияти ҲНИТ ва созмони террористӣ эълон шудани он хабардор шуда, ба Русия рафт, вале дар инҷо низ фаъолиятҳояш ба манфиати ҲНИТ-ро идома медод.”

Ӯро моҳи ноябри соли 2018 маъмурони ФСБ дастгир карда, дар аввали соли 2019 тавассути фурудгоҳи "Курумоч”-и шаҳри Самара ба Душанбе фиристодааанд. ФСБ мегӯяд, "маҷбуран берун кардани Раҳматулло Баротов ба кишвари зодгоҳаш бо минбаъд супурдани вай ба таҳти назорати кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданаш сурат гирифт.”

Бино ба иттилои сомонаи "Ахбор”, Раҳматулло Баротов то миёнаҳои соли 2015 роҳбарии шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Турсунзодаро ба ӯҳда дошт.

Як манбаи "Ахбор” қаблан хабар дода буд, ки Раҳматулло Баротовро бо ваъдаи афв бар асоси эзоҳи зери моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятӣ ҳанӯз дар аввали моҳи январ аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд, вале ӯ то ҳол дар боздошт қарор дорад.

Ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, як бародари Раҳматулло Баротов, ки бо номи Қорӣ маъруф буд, ҳанӯз дар соли 2016 бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҲНИТ маҳкум ба 5 соли зиндон шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон расман истирдоди Раҳматулло Баротов аз Русия ва боздошташ дар Тоҷикистонро шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, Баротов бар асоси моддаҳои 187 ва 307 ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва узвият дар созмони мамнӯъ айбдор мешавад.

 

Ва аммо Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 13 феврал дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” иддаои ФСБ дар бораи гӯё аз Русия ба манфиати ин ҳизб кор кардани Раҳматулло Баротовро рад кард ва гуфт, ҲНИТ дар Русия ягон навъ фаъолият надорад: "Раҳматулло Баротов ҳанӯз қабл аз бастани ҲНИТ аз ҳизб хориҷ шуда, дигар ҳеҷ робитае бо ҳизб рнадошт. Ӯ дар Русия машғули кор барои таъмини зиндагиаш буд ва ҳар сари чанд вақт барои хабаргирии наздиконаш ба Ӯзбекистон мерафтааст. Аммо дар ин муддат ӯ ягон фаъолияти ҳизбӣнадошт ва ҳатто бо масъулини ҳизб дар Аврупо ҳам дар тамос набуд. Ин туҳмат аст кимегӯянд, ӯ дар Русия фаьолияти хизби ҳизбӣ доштааст. Аслан ҲНИТ дар Русия ҳеҷ гуна фаъолият надорад.

 

Дар ду моҳи охир Баротов инак дуюмин раҳбари собиқи ҲНИТ аст, ки Русия ба Тоҷикистон месупорад. Дар аввали моҳи декабри соли 2018 Наимхон Самиев, роҳбари собиқи шуъбаи ҲНИТ дар Исфараро дар шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия дастгир карда, баъди чанд рӯз ба Тоҷикистон супурданд.

Фаъолияти ҲНИТ – як ташаккули умдаи мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон – моҳи сентябри соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар манъ гардида, ин ҳизб ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил карда шуд. Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ошӯби таҳти роҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини вазири дифои ин кишвар айбдор карданд. Дар он ошӯб, ки аз 4 то 16 сентябри соли 2015 давом кард, аз ҳарду ҷониб беш аз 40 нафар кушта шуданд.

Дар пайи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва манъи фаъолияти ҲНИТ, бино ба ҳисобҳо, тақрибан 200 нафар, аз ҷумла 13 роҳбари ҲНИТ дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Роҳбарони ҲНИТ, ки як қисмаш баъди соли 2015 ба Аврупо паноҳ оварда, ин ҳизб ҳоло асосан аз ҳаминҷо фаъолият дорад, ҳар навъ даст доштани худро дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим рад мекунанд ва мегӯянд, ин ошӯб барои мақомоти Тоҷикистон танҳо баҳонае барои бастани умдатарин ташаккули мухолифи ҳукумат шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон