БОЗДОШТИ ҲУДУДИ 20 СОКИНИ СЕБИСТОН БО ГУМОНИ ҲАМКОРӢ БО ҲНИТ

Рӯзҳои 8-9 феврал ҳудуди 20 сокини ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аз ҷониби мақомоти амнияти ин ноҳия бо гумони ҳамкорӣ бо ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) мавриди боздошту бозҷӯӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, бахши аъзами ин афрод аъзои собиқи ҲНИТ ва нафарони наздик ба Ҷаннатуллоҳи Комил, як зодаи Себистон, ки ҳоло роҳбари дафтари ҲНИТ дар Олмон аст, мебошанд. Аксари боздоштшудаҳоро баъд аз бозҷӯӣ ҷавоб додаанд, вале сарнавишти тақрибан 5 нафар ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад. Мақомоти амниятӣ сабаби боздошти сокинони Себистонро шарҳ надодаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар поёни ҳафтаи гузашта ҳудуди 20 сокинони ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аз ҷониби мақомоти амниятии ин ноҳия боздошт ва бозҷӯӣ шудаанд. Тақрибан 15 нафари онҳоро аз Себистон ва 5 нафари дигарро аз Душанбе барои бозпурсӣ бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаи сомонаи "Ахбор”, дар байни боздоштшудагон онҳое ҳастанд, ки дар гузашта узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ваё дӯсту ҳамнишини Ҷаннатуллоҳи Комил, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Себистон будаанд. Манбаи "Ахбор” хабар дод, ки рӯзи ҷумъа аз ҷумла Рустам, Нурхон, Далер ва Хуршед ном зодагони Себистон, ки қаблан бо Ҷаннатуллоҳи Комил рафтуо доштанд, барои бозпурсӣ бурда шудаанд.

Ҷаннатуллоҳи Комил соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва дар Аврупо паноҳ бурда, ҳоло роҳбарии дафтари ҲНИТ дар Олмонро ба ӯҳда дорад.

Ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, яке аз боздоштшудаҳо Мурод Хайруллоев 90 сол дошта, амакписари падари Ҷаннатуллоҳи Комил мебошад. Падари Ҷаннатуллоҳи Комил соли 1992 аз ҷониби ҷангиёни Фронти халқӣ кушта шуда буд.

Гуфта мешавад, Мурод Хайруллоевро рӯзи ҷумъа дастгир карда, рӯзи шанбе ҷавоб додаанд. Ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, бисёре аз дастгиршудаҳоро баъди як ё ду рӯз ҷавоб додаанд, вале сарнавишти тақрибан 5 нафар норӯшан боқӣ мемонад.

ҲНИТ, ки дар поёни солҳои 90 бар асоси созишномаи сулҳ ҳаққи дубораи фаъолият дар Тоҷикистонро ба даст оварда буд, моҳи сентябри соли 2015 бо қарори Додгоҳи олӣ мамнӯъ эълон гардида, аз ҷониби Душанбе ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил карда шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ин ташаккули умдаи мухолифинро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ки аз 4 то 16 сентябри соли 2015 идома карда, аз ҳарду тараф беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт, айбдор карданд.

Аммо роҳбарони ҲНИТ, ки аксар ба Аврупо паноҳ оварда, ҳоло аз инҷо фаъолият доранд, ҳар навъ даст доштани худ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад мекунанд ва мегӯянд, ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани бузургтарин ҳизби оппозитсионии Тоҷикистон шуд.

Минтақаи Себистони Данғара дар ибтидои солҳои 90 яке аз пойгоҳҳои тарафдорони мухолифин дар минтақаи Кӯлоб ба шумор мерафт. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо сокини Себистон аз ҷониби ҷангиёни Фронти халқӣ кушта шуда, Мулло Аҷик Алиев, як рӯҳонии шинохтаи зодаи Себистон бо ҷурми пуштибонӣ аз оппозитсия бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳатто ба қатл маҳкум шуда буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон