БА ШУМО ҶАВОБ! ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РОҲБАРОНИ “ТОҶИК ЭЙР” ВА “АМОНАТБОНК”-РО АЗ ТОЛОРИ ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ ҶАВОБ ДОДААСТ

Руҳуллоҳ Ҳакимзода (аз чап) ва Хайрулло Раҳимов

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз фаъолияти ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр” ва бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк” башиддат интиқод карда, роҳбари "Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов ва раиси "Амонатбонк” Руҳуллоҳ Ҳакимзодаро аз толори ҷаласа ҷавоб додааст. "Ба шумо ҷавоб!” – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба ин ду мансабдори баландпояи ҳамакнун барканоршуда.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат роҳбарони "Тоҷик Эйр” ва "Амонатбонк”-ро аз толори ҷаласа ҷавоб додааст. "Ба шумо ҷавоб!” – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба Хайрулло Раҳимов, раиси ҳамакнун собиқи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр” ва Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси низ акнун собиқи бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк”.

Манбаи "Ахбор” мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ин ду мансабдори баландпояро дар қисмати аввали ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки нимаи аввали рӯзи 21 январ доир шуд, аз толор пеш кардааст. Дар ин қисмати ҷаласа мавзӯи вазъи ногувори пешомада дар "Тоҷик Эйр” ва ҳолати буҳронӣ дар "Амонатбонк” баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, президент аз фаъолияти роҳбарони "Тоҷик Эйр” ва "Амонатбонк” хеле бо тундӣ интиқод кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр”, ки ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, аз аввали соли 2019 тамоми парвозҳояшро ба далели мушкилоти молӣ қатъ кардааст. Ахиран гузориш шуд, ки як ҳавопаймои "Боинг”-и "Тоҷик Эйр”-ро ба далели қарзҳояш аз ширкати маводи сӯхт ҳатто ба ҳабс гирифтаанд. Ҳоло аксари парвозҳои қатъшудаи "Тоҷик Эйр”-ро ширкати "Сомон Эйр” ба дасти худ гирифтааст.

 

Аммо дар гузориши расмии хадамоти матбуоти президент дар бораи ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат дар бораи барканории Руҳулло Ҳакимзода ва Хайрулло Раҳимов чизе гуфта намешавад.

Дар мавриди "Тоҷик Эйр” дар ин гузориш танҳо як ҷумла омадааст, ки: "Дар кори маҷлис ҳамчунин ҳисоботи директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр” шунида шуд.

Дар бораи ҳисоботи раҳбари "Амонатбонк” хадамоти матбуоти президент муфассалтар хабар медиҳад, вале боз ҳам бидуни хабари аз мақомаш барканор шудани Руҳулло Ҳакимзода: "Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид доштанд, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Норасоии асъори нақди хориҷӣ дар муомилот масъалаи дигари низоми бонкӣ мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти самараноки соҳибкорон монеа эҷод мекунад.

Аз ин рӯ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Таъкид гардид, ки Бонки миллӣ ва Вазорати молия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷамъиятҳои саҳҳомии "Тоҷиксодиротбонк” ва "Агроинвестбонк”, коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми молиявии кишвар тадбирҳои қатъӣ андешанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон