Алишер Усмонов: Мирзиёев “Горбачёви узбакӣ нест”

Алишер Усманов, Ð°Ñ€Ñ Ð¸Ð²Ð½Ð¾Ðµ фото

Соҳибкор ва миллиардери Русия Алишер Усмонов роҳбари Узбакистон Шавкат Мирзиёевро мустақил ва сиёсати пешгирифтаи ӯро дар ислоҳоти кишвар мусбат медонад

Соҳибкор Алишер Усмонов, дар суҳбат ба маҷаллаи Forbes назарашро дар бораи сиёсати Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон изҳор намудааст.

Алишер Усмонов боварӣ дорад, ки Шавкат Мирзиёев “Горбачёви узбакистонӣ нест”.

“На, вай Горбачев нест. Назар ба Горбачёв ӯ дар амалӣ намудани барномаҳои худ ҷиддӣ мебошад. Вай мейҳанпараст ҳасту ва ҳеҷ гоҳ ба зангзании давлати Узбакистон роҳ намедиҳад”, - гуфт вай.

Ба гуфтаи вай, Мирзиёев сиёсатмадори мустақил аст.

“Мирзиёев шакли нави роҳбар дар шарқ аст, ки мехоҳад иқтисодаш пешрафт кунад. Ман бар ин боварӣ дорам”, - таъкид намудааст Усмонов.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон