Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон чӣ паём хоҳад дод?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба зудӣ бахшҳои муҳими фаъолияти ҳукумат дар соли 2019-ро эълон хоҳад кард.

Ӯ рӯзи 26-уми декабр ба Маҷлиси Олӣ ва мардум паём медиҳад. Паём як навъ гузориши ҳукумат аз корҳои анҷомшуда ва ҳам барномаи корӣ барои соли оянда мебошад. То соли 2015 президент дар моҳи апрел паёми худро ироа мекард ва аз он сол ин кор ба моҳи декабр гузаронда шуд. Ин ҳабдаҳумин паёми ӯ дар тӯли раҳбариаш аст.

"Як сол пас аз паём чӣ тағйир ёфт?"

Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми соли гузашта, ки беш аз ду соат идома кард, аз бӯҳрони бонкҳо, маҳсулоти пастсифати бозорҳо, чолишҳои амниятӣ дар шароити кунунӣ ва масоили дигар сӯҳбат кард. Ӯ ба ҳукумати кишвар дастур дода буд, ки ҳарчи зуд барномаи таҷдиди ду бонк -- "Агроинвестбонк" ва "Тоҷисодиротбонк"-ро таҳия кунанд.

Президент Раҳмон низоми бонкӣ дар кишварро "тормози асосӣ" дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ карда ва гуфта буд, дар ин бахш рақобати солим вуҷуд надорад. Бо гузашти як сол аз интиқоди шадиди президент аз низоми бонкӣ, ин бахш ҳоло ҳам буҳронӣ боқӣ мемонад ва ду бонки калонтарини кишвар дар ростои будан ё барҳам хӯрдан қарор гирифтаанд.

Муҳимтарин нуктаҳои дигари паёми президент дар соли гузашта, ин боло рафтани маош ва эълони дусолаи моратория дар санҷиши фаъолияти соҳибкорон буд. Дар моҳи сентябри имсол маоши кормандони бахши буҷетӣ дар кишвар аз 10 то 15 дар сад боло рафт.

Мавзӯъҳои муҳими паёми имсолаи раиси ҷумҳур расман эълон нашудааст. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш дар бораи ислоҳоти куллӣ дар соли оянда, комилан озод кардани корхонаҳо аз санҷиш дар ду соли дигар ва масоили дигар сӯҳбат хоҳад кард.

Аз мубориза бо фасод то ҳимоят аз муҳоҷиронс

Таҳлилгарон мегӯянд, мунтазиранд, ки раиси ҷумҳур барномаи мушаххаси ҳукуматро барои беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ муаррифӣ мекунад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик, рӯзи 6-ми декабр гуфт, сармоягузорони бузург аз омадан ба Тоҷикистон бо сабабҳое худдорӣ мекунанд ва ин мушкил ниёз ба ҳалли фаврӣ дорад. Ба ин хотир, ин таҳлилгар афзуд, дар паёми имсола бояд роҳҳои мушаххаси ҷалби сармояҳои бузург ба кишвар ва фароҳам овардани шароити муносиб барои он эълон шаванд.

Ироаи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои ҳукумат руйдоди муҳим аст ва аз ҳоло омодагӣ ба он шуруъ шудааст. Паёми президентро тақрибан дар ҳама идораҳои давлатӣ ва таълимӣ аз экранҳои бузург тамошо мекунанд ва ин маросим то чанд ҳафта тавассути расонаҳои давлатӣ низ пахш мешавад.

Паёми раиси ҷумҳур ба порлумон ба назари коршиносон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки эродҳои гирифтаи Эмомалӣ Раҳмон дар аксар ҳолат бартараф мешаванд. Маҳз ба ин хотир, таҳлилгарон мегӯянд, беҳтар аст дар паёми имсола тамаркуз рӯйи ислоҳи вазъи иқтисод, мубориза бо фасод ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон бошад. Се чизе, ки ба назари ҳамсуҳбатони мо аз доираҳои коршиносии кишвар ба онҳо сахт ниёз дорад.

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик.
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик.

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, таҷрибаи муборизаи Тоҷикистон бо фасод чандон муваффақ нест ва кишвар ниёз ба бархӯрди дигаргуна бо ин падидаи манфӣ дорад. Чун ба назари Иршод Сулаймонӣ, маҳз фасод яке аз омилҳои боздорандаи рушди Тоҷикистон шудааст.

"Нуктаи муҳими дигар, ки ниёз аст дар паёми раиси ҷумҳур таъкид шуда, ба унвони як барнома дар дастури кори ҳукумат қарор бигирад ин бештар боз будани сиёсатгузорӣ аст. Чун мушоҳида мешавад, ки амалкардаҳои ҳукумат ба таври бисёр пардапӯшона аст ва барои ҷомеа бисёр дастрас нест. Ниёзи ҷиддӣ аст, ки сиёсатгузориҳо боз бошанд ва тамоми корҳо бо мардум ба иштирок гузошта шавад",-хулоса кард ин рӯзноманигори тоҷик.

"Танҳо бо шиорпартоӣ намешавад"

Паёми раиси ҷумҳур ҳамчун барномаи яксолаи ҳукумат дар тамоми кишвар аз тарафи гурӯҳҳои вижа шарҳ дода мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, аммо дар умум авзоъ тағйир намекунад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик ба он ишора мекунад, ки нукта ё барномаҳои аслии паёми раиси ҷумҳур бояд хусусияти чандсола дошта бошанд. Чун ба таъкиди Қодиров "дар як сол ҳалли мушкил ва ҳам рушд додани як соҳа сахт аст".

Ӯ гуфт, "мо аксар вақт раванд ё ҷабҳаеро пешниҳод мекунем ва мегӯем, ки имсол бояд дар ин бахш рушд кунем. Соли оянда барои худамон боз ҷабҳаи нав мекобем. Барномаҳои рушди соҳаҳо бояд барои солҳои зиёд пешбинӣ шуда, маблағгузорӣ шаванд. Чун танҳо бо шиорпартоӣ барнома амалӣ намешавад."

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик.
Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик, мегӯяд, феълан Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддӣ дар ҳама бахшҳо ниёз дорад. Ба қавли ӯ, "бояд пеш аз ҳама фазое эҷод шавад, ки рақобати солим дар бахшҳои мухталиф - аз сиёсат сар карда то иқтисод - ба вуҷуд биояд".

Нуктаи дигари ислоҳот, ба назари Марат Мамадшоев, ин аст, ки бояд нақши ҳукуматҳои маҳаллӣ боло бурда шуда, меъёри таъйини мансабдорҳо тағйир ёбад.

Бо ин ҳол, феълан ҳама рӯзи 26-уми декабрро интизоранд, ки раиси ҷумҳур дар бораи натиҷаи имсол чӣ хоҳад гуфт ва ба чӣ масоили муҳиме ишора хоҳад кард. Бахусус, ки дар остонаи ироаи паём ва ё баъди он эҳтимоли тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон