ТАВБАИ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ БАРОИ 25 СОЛИ МУБОРИЗААШ

ТАВБАИ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ БАРОИ 25 СОЛИ МУБОРИЗААШ

Додоҷон Атовуллоев, яке аз мухолифони собиқадори ҳукумати Тоҷикистон, дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук барои 25 соли муборизааш тавба кардааст. "Ягона роҳ тавбаю надомат кардан, аз ХУДО ва ХАЛҚ омурзиш хостан аст. Тавбаи насӯҳ,” – навиштааст роҳбари ҷунбиши "Ватандор”. Додоҷон Атовуллоев афзудааст, ба ҳеҷ ваҷҳе бо Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари кунунии оппозитсияи тоҷик эътилоф нахоҳад баст. Додоҷон Атовуллоев аз "ҷавонони содадиле, ки имрӯз ба майдон мехонанд” даъват кардааст, ки иштибоҳи ӯро такрор накунанд.

Додоҷон Атовуллоев, роҳбари Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон ва ҷунбиши "Ватандор” ва муассиси нашрияи дар солҳои 90 маъруфи "Чароғи рӯз”, рӯзи 29 ноябр дар як матлаби муфассал, ки бо номи "Т А В Б Аё розрез ба хотири 150 000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркуш” дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, бо ёдоварӣ аз корномаи муборизаи 25-солааш ва изҳори таассуф аз ҳазорон нафаре, ки дар ин солҳо қурбон ва фаромӯш шуданд, худро ва насли худро "насли гунаҳкор” хонда, талаби истиғфор ва тавба кардааст.

Додоҷон Атовуллоев менависад, ки солҳои 90 шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, мубориза бурд, то ба ҳадде ки: "Борҳо аз забони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин сухан дар ҷаласаҳо садо додааст: "Додо муҷоҳиди рақами 1 аст!

Аммо хулосаи ин журналист ва сиёсатмадори собиқадор аз ин 25 соли мубориза чунин аст: "Мо насли гунаҳгорем. Дар ин сангар будем ё дар он сангар. Ва ё бетарафона сукут варзида будем, ки барфи бадбахтӣ ба боми мо намеборад. Ягона роҳ тавбаю надомат кардан, аз ХУДО ва ХАЛҚ омурзиш хостан аст. Тавбаи насӯҳ. Ва талош бояд варзид, ки то дар сарзамини захмини мо дигар хун нарезад. Сиёсатнома, барнома ва насиҳатномаи ман ҳамин аст. Ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои мухолифат.

Додоҷон Атовуллоев бо лаҳни хосаш мухолифони кунунии ҳукуматро "лохон”, роҳбари мухолифин Муҳиддин Кабириро "мири лохон” ва Паймони миллӣ – эътилофи тозабунёди оппозитсияи тоҷикро "як лохотрон” номида, гуфтааст, ки бо ин паймону роҳбараш ҳеҷ гоҳ эътилоф нахоҳад баст. Ӯ ҳамчунин аз дигар "ҷавонони содадил”-е, ки роҳбарони мухолифин имрӯз онҳоро, ба навиштаи Додоҷон Атовуллоев, "ба майдон мехонанд”, даъват кардааст, ки ба ин роҳ нараванд ва ба ваъдаҳои мухолифин бовар накунанд.

Додоҷон Атовуллоев, ки яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт, тақрибан аз миёнаҳои тобистони соли 2017 тағйири мавқеъ кард ва аз интиқоди ҳукумат даст бардошта, рӯ ба интиқоди шадиди мухолифони ҳукумат, бахусус роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ва муттаҳидони он овард.

 

Фаъолони мухолифин мегӯянд, Додоҷон Атовуллоев бо ин тағйири сангар амалан худро ба "оппозитсияи оппозитсия” табдил дода, аз ин роҳ "пули билеташ ба Душанбе”-ро кор карда истодааст. Дар ин авохир сарусадоҳое низ зиёд мешаванд, ки "Додоҷон Атовуллоев ба ҳукумат фурӯхта шудааст.”

 

Додоҷон Атовуллоев инро ҳамеша рад карда, мегӯяд, мухолифаташ бо Кабирӣ як мухолифати усулӣ аст ва ӯ қатъиян зидди он аст, ки эътилофи нави мухолифини тоҷик мисли солҳои 90 зери чатри як ҳизби исломӣ ба майдон биояд.

Дар матлаби "Тавба”-аш Додоҷон Атовуллоев бори дигар иттиҳоми "фурӯхта шудан”-аш ба ҳукуматро рад мекунад: "Дар ин чоряк аср ошкоро мегӯям, хоса баъди таъсиси "Ватандор" аз дасти ман миллионҳо (!!!) доллар гузаштааст. Аммо ман ягон бор барои худам мошин ё манзил нахаридаам. Дар ягон гӯшаи дунё... Имрӯз чанд махлуқ, чанд наҷис, чанд малъун таъна мезананд, ки ман фурӯхта шудам, ҳисобот мехоҳанд, ки ман чӣ кор кардаам?

 

Додоҷони Атовуллоҳжурналист ва сиёсатмадори тоҷикдар деҳаи Ворӯи Панҷакент ба дунё омадариштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардаастӮ дар солҳои 80 бомақолаҳояш дар рӯзномаҳои "Комсомоли Тоҷикистон”, "Тоҷикистони советӣ ва "Омӯзгор” шӯҳратёфтасоли 1991 "Чароғи рӯз”  нахустин рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистонро таъсис дод.

Додоҷони Атовуллоҳ аз поёни соли 1992, инак 25 сол боз дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯто ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав кору зиндагӣ мекардвале баъди чанд сӯиқасд ба ҷонаш вачанд бор боздошт шуданаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба Олмон паноҳанда шуд.

Додоҷони Атовуллоҳ моҳи августи соли 2017 ба таври ғайриинтизор ба танқиди тунди КабирӣпардохтХуди ӯ дар як мусоҳибаи қаблиаш бо "Ахбор” гуфта будки мухолифаташ бо Кабирӣ усулиства аслан хостори дар зери чатри як гурӯҳи исломгаро сохтани эътилофи нирӯҳои мухолифи ҳукуматикунунии Тоҷикистон нестВале фаъолони мухолифин мегуфтанд, ки Додоҷони Атовуллоҳ бо тарафиҳукумат забон як кардааст ва бо ин тағйири мавқеъ ва интиқодҳо аз Кабирӣ ва ҲНИТ нархи билетибозгашташ ба Тоҷикистон аст.

Дар пайи тағйири мавқеи сиёсии Додоҷони Атовуллоҳки раҳбарии Анҷумани нирӯҳои созанда, як ташаккули мухолифини тоҷик дар Аврупоро ба дӯш доштчанд тан аз раҳбарони ин созмон ҳаттотарки Анҷуман ҳам кардандАммо Додоҷони Атовуллоҳ гуфтмухолифини Эмомалӣ Раҳмон хелезаифанд ва роҳи дигареба ҷуз аз музокира бо ҳукумати кунуниро надоранд: ."Ё мо мемирему дар мухолифат меистем, ё дар сари мизи гуфтушунид бо ҳукумати Раҳмонов менишинем.”

Дар аввали соли ҷорӣ хабарҳое нашр шуд, ки Додоҷон Атовуллоев барои чанд рӯз ба Тоҷикистон баргашта, ҳатто бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқоте доштааст. Аммо ин хабар аз ҷониби мақомоти расмӣ то кунун тасдиқ ё рад нашудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон