БАРРАСИИ ҲАМЛАИ ДАНҒАРА ДАР МУЛОҚОТИ ЮСУФ РАҲМОН БО МУДИРИ FBI ДАР ВОШИНГТОН

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, ки бо сафаре дар Амрико қарор дошт, рӯзи 6 ноябр дар шаҳри Вошингтон бо мудири Бюрои федеролии тафтишоти Амрико (FBI) Кристофер Рей (Christopher Wray) мулоқот кардааст. Маркази матбуоти додситонии кул гуфт, Юсуф Раҳмон ва Кристофер Рей аз ҷумла мавзӯи тафтиши амали террористии рӯзи 29 май дар ноҳияи Данғараро баррасӣ кардаанд. Ҷузъиёти дигари ин дидор нашр нашудааст.

Рӯзи 29 май дар Данғара 4 сайёҳи хориҷӣ, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико кушта шуданд. Душанбе ахиран хабар дод, ки муфаттишони амрикоиро барои ҳамкорӣ дар тафтиши ин қазия даъват кардааст. Масъулияти ҳамлаи Данғараро ДОИШ ба дӯш гирифт, вале Додситонии кулл ҲНИТ-ро айбдор карда, гуфт, ки ин ҳизби дар Тоҷикистон аз парчами ДОИШ барои гӯл задани тафтишот сӯиистфода кардааст. ҲНИТ даст доштанаш дар куштори сайёҳонро башиддат рад мекунад.

Мулоқоти Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Бюрои федералии тафтишотии ШМА

 

6 ноябри соли 2018 дар ш.Вашингтон мулоқоти Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Директори Бюрои федералии тафтишотии (ФБР) ШМА Кристофер Рэй баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Прокуратураи генералӣ ва Бюрои федералии тафтишотӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ – терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ва ба мувофиқа расондани санадҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар ин самтро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни мулоқот Директори Бюрои федералии тафтишотии ШМА миннатдории худро барои ҳамкорӣ дар раванди тафтишоти амали террористӣ, ки 29 июли соли ҷорӣ дар кишвар рух дода буд, баён намуд.

Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Бюрои федералии тафтишотии ШМА ҳавасмандии худро барои таҳким ва густариши ҳамкориҳо миёни мақомотҳои хеш таъкид намуданд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон