ЖИРИНОВСКИЙ ДИГАР ШУД? ДАЪВАТИ РОҲБАРИ ЛДПР БА ТАҲКИМИ РАВОБИТИ РУСИЯ БО ОСИЁИ МИЁНА (ВИДЕО)

"Бояд бо ҳама муносибатҳоро барқарор кард. Вале самти асосӣ ин Ҷанубу Шарқ бояд бошад: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон.” Владимир Жириновский, роҳбари ЛДПР рӯзи 6 ноябр дар Думаи давлатӣ хостори таҳкими равобит бо Осиёи Миёна шуд. Жириновский, ки баъди бозгашташ аз сафари Тоҷикистону Ӯзбекистон суханронӣ мекард, гуфт, ҳанӯз дар соли 2001 ба таҳкими равобит бо кишварҳои СНГ таъкид карда буд, вале бо гузашти 17 сол сиёсати хориҷии Русия тағйир наёфтааст. Жириновский, ки қаблан бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ва қавмгароёна машҳур буд, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон баракс хостори таҳияи як қонун дар бораи мақоми хос барои шаҳрвандони тоҷик дар Русия ва кушодани бозорҳои Русия ба рӯи меваву сабзавоти Тоҷикистон шуд. Ӯро дар Тоҷикистон дар сатҳи олӣ қабул карданд ва ҳатто президент Эмомалӣ Раҳмон Жириновскийро дар Қасри миллат ба зуҳур пазируфт.

Владимир Жириновский, роҳбари ҳизби либерал-демократи Русия ва муовини раиси Думаи давлатӣ – палатаи поёнии парлумони он кишвар рӯзи 6 ноябр дар "соати баёнияҳо” дар Дума хостори таҳкими муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна шуд.

"Ман розиам, ки бо ҳама бояд муносибатҳоро барқарор кард. Вале самти асосӣ ин Ҷанубу Шарқ аст: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон,” – изҳор дошт ӯ.

Жириновский гуфт, дар ин кишварҳо муносибат бо русҳо назар ба кишварҳои соҳили Балтик ё Украина хеле хубтар аст, вале Маскав ба ин минтақа аҳамияти чандон намедиҳад.

Жириновский хостори ба Тоҷикистон фиристодани шумораи назар ба ҳозир даҳҳо маротиба бештари муаллимони забони русӣ, дар онҷо кушодани мағозаҳои китобҳои русӣ шуд.

Ӯ аз Думаи давлатӣ талаб кард, то тамоми созишномаҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна, ки солҳо боз беҳаракат хобанд, бидуни навбат баррасӣ ва тасвиб шаванд.

Владимир Жириновский, ки қаблан бо шиорҳои миллатгароёна ва зидди муҳоҷирон машҳур буд, дар ҷараёни сафари ҳафтаи гузаштааш ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дар пайи истиқболи гарму дар сатҳи олӣ, ки ба ӯ дар Тоҷикистон нишон доданд, бархӯрдаш нисбат ба кишварҳои Осиёи Миёнаро дигар кард.

Дар ҷараёни ин сафар Жириновский ва ҳамроҳонаш аз Қалъаи Ҳисор, боғҳои ангури Шаҳринаву Турсунзода, корхонаи алюминий, Осорхонаи миллӣ ва бозори «Меҳргон» дидан ва бо ҷамъияти русзабонҳои Турсунзода ва донишҷӯёну устодони Донишгоҳи славянӣ мулоқот карданд.

Дар Душанбе Жириновский ва ҳамроҳонашро раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуроввазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дар ниҳоят дар Қасри миллат раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд..

Жириновский, ки қаблан бо суханрониҳои шовинистиаш, аз ҷумла дар мавриди Тоҷикистон ва тоҷикҳо ном бароварда буд, аз сафари кунуниаш ба Тоҷикистон хеле ба ваҷд омад. Ӯ дар ҷараёни ин сафар суҳбатҳое кард, ки комилан бар хилофи суханони қаблиаш буд.

Жириновский аз ҷумла ваъда дод, ки баъди бозгашт ба Маскав вакилон аз фраксияи ЛДПР талош хоҳанд кард, то муносибатҳои Русияву Тоҷикистон беҳтар шаванд: «Шояд мо талош кунем, то як қонун дар бораи мақоми махсуси сокинони Тоҷикистон дар замони будубошашон дар Русия қабул шавад, то ки онҳо худро муҳоҷир эҳсос накунанд ва дарк кунанд, ки Русия ин ватани дуюми онҳост. Тавре ки дар замони СССР буд. Модар-Ватан тамоми фарзандони худро дӯст медорад ва фарқе намекунад, ки ӯ дар куҷо кор мекунад? Дар ягон корхонаи алюминий дар Сибир ваё дар Турсунзода.»

Жириновский ҳамчунин ваъда дод, ки дар Душанбе барои омода кардани муҳоҷирони тоҷик як мактаб хоҳад кушод. Ӯ ҳамчунин хостори бардоштани ҳама мониаҳо аз роҳи вуруди меваву сабзавоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия шуд.

Роҳбари ЛДПР ҳамчунин дар суханрониҳояш дар Тоҷикистон аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гарм тавсиф кард ва аз ҷумла гуфт: «ЭмомалӣРаҳмоняке аз сиёсатмадорони дар Русия муҳтарам мебошад. Ӯ яке аз президентҳои мӯътабар дар паҳнои Шӯравии собиқ ба шумор меравад.”

Дар Турсунзода ба шарафи омадани Жириновскй гӯсфандеро қурбон кардаанд ва роҳбари ЛДПР ба даст корд гирифта, худаш гӯсфандро забҳ карданӣ шудааст. Ҳамин тавр, ба ӯ дар Турсунзода дар баробари меваву ангур ҳамчунин қурутоб пешниҳод кардаанд ва Жириновский қурутобро тибқи одати тоҷикон, бо даст хӯрдааст.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон