расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Интернети босуръати Мегафон Тоҷикистон дар Қалъаи Хумб

. / Ҷомеа

Интернети босуръати Мегафон Тоҷикистон дар Қалъаи Хумб

Баъди шаҳри Хоруғ ин дуюмин нуқтаи дорои пойгоҳҳои базавии 4G-и ширкат дар ВМКБ аст.

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи шабакаи 4G-ро дар ВМКБ идома медиҳад. Интернети босуръати мобилии насли чорум ба сокинони маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз – деҳаи Қалъаи Хумб дастрас гардид.
Қалъаи Хумб баъди шаҳри Хоруғ дуюмин нуқтаи аҳолинишини ВМКБ мебошад, ки дар он МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии 4G-ро ба кор даровард. Ба шарофати ин иқдом 1 600 сокини деҳа акнун интернетро бо суръати миёнаи 10-15 Мбит дар як сония истифода карда метавонанд, ки ин аз нишондиҳандаҳои шабакаи муқаррарии 3G баландтар аст. Бо суръатҳои 4G боргирии филмҳо, гӯшкунии мусиқӣ, истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ниҳоят қулай аст.
“Айни замон дар минтақаи мо лоиҳаи бузурги инвеститсионӣ амалӣ мегардад. Дар натиҷаи он дар ҳамаи марказҳои маъмурии ВМКБ интернети босуръати мобилии 4G дастрас хоҳад шуд. Таъмини дастрасии устувор дар шароитҳои баландкӯҳи Помир мушкил аст, лекин бо вуҷуди ин, мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки дар чунин маҳал муштариён аз хизматрасониҳои муосири рақамӣ бархӯрдор бошанд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.