Навиштаҳои Сайидюнус бар зидди Тоҷикистон хиёнат аст

 Рўзҳои охир дар баъзе расонаҳои интернетӣ оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хабаре нашр шудааст, ки зимни он сарпарасти созмони “Маркази имдодрасонӣ ва кӯмаки Малик Салмон” Абдуллоҳ ар Робеҳ фаъолияти гуманитарии ин ташкилотро дар кишвари мо мисол овардааст.
Аммо душманони миллату давлати мо, аз ҷумла Сайидюнус, ки ба хотири манфиатҳои моддӣ ватану миллат ва мазҳаби худро фурухтааст, аз ин хабар ҳангомае сохта, дар сомонаи наҳзатии худ KEMYAE SAADAT ин мавзуъро ба таври дигар, яъне мутобиқи манфиатҳои ѓаразноки худу хоҷагонаш шарҳ додааст.
Сайидюнус воҳима карда менависад, ки Тоҷикистон баъди Яман дуюмин кишварест, ки мадади гуманитарии ташкилоти мазкурро гирифтааст. Дар асл ин ҳолат ягон ҷойи бадӣ надорад. Имрўз ҳар кишваре ки ба фалокат ё ҳодисае гирифтор мегардад, новобаста аз сатҳи тараққиёту зиндагии мардумаш аз кўмакҳои башардўстонаи давлатҳои дигар бархўрдор аст. Масалан, айни ҳол ба Индонезия, ки дар он ҷо заминҷунбӣ ва туфони баҳрӣ ба амал омада одамони зиёд қурбон шуданд ва манзилҳо хароб гардиданд, аксари кишварҳои олам кумаки башардўстона мерасонанд. 
Доктор ар Робеҳ ҳам дар мусоҳибааш ба таври возеҳу равшан қайд кардааст, ки ташкилоташ дар Тоҷикистон ба осебдидагони селу заминларза кўмак кардааст. Ҳамкориҳои ин ташкилот асосан бо Кумитаи ҳолататҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистонба роҳ монда шудаанд ва барои пешгирию рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ равона гардидаанд. 
Дар сурати ба сари кишварҳои дигар омадани чунин фалокатҳо, Тоҷикистон ҳам ба қадри имкон кўмаки худро мерасонад ва дар чунин амалҳои хайр канораҷўӣ намекунад. Ин гуна амалҳо дар замони муосир ба ҳукми анъана даромадаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз сиёсати дарҳои бозро ба роҳ монда бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Арабистони Саудӣ ҳам истисно нест ва бо кишвари мо дар аксари самтҳои имконпазир ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Фаъолияти «Маркази имдодрасонӣ ва кӯмаки Малик Салмон» ҳам дар Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои неки дуҷониба амалӣ мегардад ва ягон ҷиҳати хосе надорад. Худи Доктор ар-Робеҳ зимни суханрониаш таъкид кардааст, ки дар соли 2015 ташкилоти мазкури саудӣ дар 42 кишвари ҷаҳон 469 пружаро ба иҷро даровардааст. Яъне Тоҷикистон дар ин маврид ягон мақеи хосе надорад ва аз ин ҳолат ҳангомаю воҳима сохтани Сайидюнус беасос мебошад.
Албатта Сайидюнус, ки ѓуломи охундҳои шиамазҳаби эронист ва дар хизмати хадамоти махсуси ин кишвар қарор дорад, маҷбур аст, ки дар муқобили Арабистони Саудӣ аз манфиати доираҳои мазҳабии ҶИЭ ҳимоя кунад. Вай нашармида ба корҳои дохилии кишварҳои дигар дахолат мекунад ва ба таври ошкоро зидди пешрафти муносибатҳои Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ буданашро нишон медиҳад. Чунин амали Сайидюнус аз шиамазҳаб ва дар хизмати охундҳои эронӣ қарор доштанаш шаҳодат медиҳад.
Агар ин тавр набошад, чи зарурат дорад, ки Сайидюнус ба изҳороти Доктор ар Робеҳ вокуниши хурдагирона нишон дода, ин мавзуъро ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон часпонад. Ифротгароию мутаасибии Сайидюнус то дараҷае расидааст, ки вай ѓайр аз Ҷумҳурии исломии Эрон дигар кишварҳоеро намебинад ва тамоми пешрафтҳои Тоҷикистонро дар самти сиёсати хориҷӣ бо давлатҳои дигар бар зарари Эрон меҳисобад. Ё Сайидюнус мисли як манқуртест, ки чунин барномарезӣ шудааст. 
Дар шароити феълӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳо пеш меравад ва ин тараққиёт аз ягон кишвари дигари хориҷӣ вобастагӣ надорад. Мардуми огоҳу меҳнатдўст ва ба номуси кишварамон дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардида барои ободонии ватанамон заҳмат мекашанд. Рўз ба рўз ободу зеботар гардидани Тоҷикистони азиз дар муқобили навиштаҳои Сайидюнуси хиёнаткор воқеияти раднопазир аст. 
Парвизи Мирзо

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон