ТТЭ ҲНИ ҳамеша дар паи шикасти ваҳдат аст

ТТЭ ҲНИ ҳамеша дар паи шикасти ваҳдат аст

 Имрӯз дар саросари кишварамон Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмию баробарҳуқуқӣ ҳукмрон буда, ҳар як шаҳрванди он худро дар фазои озодона ҳис карда, баҳри ободонии хонадони худ ва шукуфоии мамлакат ҳарбу зарб дорад, зеро медонад, ки ҳимоятгару такягоҳи тавоно, ҳукумати пойдору сарвари хирадманд дорад. Вале, иддае аз шаҳрвандон, ки пайрави баъзе гурӯҳҳои ифротгароиву экстремистӣ гаштаанд, бо дастгириву таблиғу тарғиботи ҳизбҳои ифротгаро ва моҷароҷӯй мекӯшанд ин тинҷиву оромӣ, сулҳу ваҳдатро халалдор сохта, кишварро боз ба майдони ҳарбу зарби сиёсӣ пешорӯ намояд. Ва яке аз чунин ҳизби моҷароҷӯ ва ифротгаро ТЭТ ҲНИ мебошад, ки имрӯз бо дигар ҳизбҳои сиёсии динӣ, бахусус исломи сиёсӣ ва терроризми байналмиллалӣ ба ҳам омада, мекӯшад Тоҷикистонро ба вартаи ҷангу ҷидол кашад.
Коршиносон ба он ақидаанд, ки кишварҳои абарқудрат ғояҳои идеологии сиёсати моҷарҷӯйиро бо тарҳу мазмуни нав дар давлатҳои Осиёи Миёна истифода бурда истодаанд, бахусус баҳамоии ТЭТ ҲНИ бо дигар исломи сиёсӣ ва терроризми байналмилалӣ буда, ин тақозо менамояд, ки дар мубориза бар зидди онҳо қувваҳои нави сиёсиву идеологӣ пурзӯр карда шавад.
Мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ мубаддал гардида истодааст, ки ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон мебошад. Дар шароити зиндагии бӯҳронӣ ҳар ҷо одами норизо ва ноком бошад, шефтаву фирефтаи ваъдаҳои ҳизбҳои динии ифротгаро мешавад 
Ташкилотҳои экстремистии дар асоси идеологияи тундгароии исломӣ амалкунанда, ки якеи он ТЭТ ҲНИ мебошад, дар давоми даҳсолаи охир фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро ба тадриҷ инкишоф дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба таври доимӣ сафи пайравони худро зиёд намояд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки фаъолнокии амали ташкилотҳои экстремистӣ бо истифода аз омили исломӣ, паҳн намудани мафкураи исломи радикалӣ, ба сафи худ ҷалб намудани ҷонибдорон ба амалҳои зиёди ифротгароӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии динӣ зиёд шуда истодааст.
Омӯзиши манбаъҳои иттилоотии экстремистон, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ ба хулосае меорад, ки диққати асосии тарғиботи исломистон бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҳама гуна ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон ва зарурати таъсиси ба ном «Давлати хилофат» аст. Бо мақсади ташаккули шахсияти динӣ исломиён якчанд усулҳоро истифода мебаранд, ки дар байни онҳо ваъдаҳои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, тафсири соддагардонии шариат ва меъёрҳои исломӣ, барангехтани муқовиматҳои дохилимазҳабӣ, паҳн намудани стереотипҳои этникӣ ва динӣ, зарурияти бо воситаҳои қудратӣ мустаҳкам кардани имон мақоми махсус доранд. Чунин раванди тундгароӣ ба пайдоиши муноқишаҳои иҷтимоии хатарнок байни мусалмонон, аз як тараф, ва аз ҷониби дигар ҷомеа ва давлат мусоидат намуда, ба амнияти миллии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидоӣ солҳои 90-ум дар кишвар, кӯшиши гуруҳҳои экстремистӣ-террористӣ, бахусус ТЭТ ҲНИ ба табаддуллоти низомӣ дар соли 2015, террор нисбати сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, хатар ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор менамояд, ки бар асоси қонунгузории кишвар ва расму оини анъанавии миллии худ ҷиҳати ба танзим даровардани рукнҳои алоҳида дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳии зиёдеро амалӣ намояд, ва, мо устодон, бояд таблиғгари ғояҳои пешқадами сулҳҷӯ бошем ва дар рушду тараққӣ нигоҳ доштани Тоҷикистон саҳмгузор гардем. 
Баҳром Ҳасанов

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон