Матлаби интиқодӣ дар пардаи ихлоси мазҳабӣ

Матлаби интиқодӣ дар пардаи ихлоси мазҳабӣ

 

Матлаби навбатии иғвобарангезонаю пур аз туҳмати идеологи наҳзатӣ - Сайидюнус таҳти унвони «Кабутар бо кабутар, боз бо боз» дар пойгоҳи хабарии «Кимиёи саодат» интишор ёфт. «Таҳлилгари» наҳзатӣ дар доираи ҳолу ҳавои мазҳабӣ фаъолияти раҳбарияти ду кишвар – Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита бо рабоиши мунтақидони ҳукуматӣ мавриди «таҳлил» қарор додааст. Чун ҳамешагӣ матлаб бар мабнои ғаразу кина ба раҳбарони олии Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Арабситони Саудӣ иншор шудааст. Ин дафъа Сайидюнус ба масъалае дахл кардааст, ки бештари давлатҳо ва ҳукуматҳои динӣ-мазҳабӣ, аз ҷумла режими ҷумҳурии исломӣ ба он ҳассосият доранд. Баҳс, асосан сари мубориза бо мунтақидони сиёсӣ меравад ва Сайидюнус, амдан тозиёнаи иттиҳомотро бар ҳукуматҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон мезанад ва раҳбарони ин ду давлатро дар ин самт муқассир медонад.
Дар мавриди қазияи рӯзноманигори мунтақид Ҷамол Хошуқҷӣ, ки дар расонаҳо аз эҳтимолияти марги он дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул сару садоҳо баланд мекунанд, ҳаминро бояд арз кард, ки раҳбарияти Арабистони Саудӣ сареҳан эълом дошт, ки дар ин қазия даст надорад ва мақомоти зиддахли он кишвар ҷиҳати ҳалли мушкил ба Туркия омадаанд, то мушкилро омўхта, ҳаллу фасл намоянд. Гузоришоти раҳбарияти олии давлати Арабистони Саудӣ ва махсусан, Муҳаммад бен Салмон гувоҳи онанд, ки давлат дар рабудан ва ба эҳтимоли зиёд қатли рўзноманигори мунтақиди давлати Арабситони Саудӣ даст надорад ва қазияи мазкурро ҷиддӣ пайгирӣ мекунад. Аз ҷониби дигар, барои давлати Саудӣ ва шахси Бен Салмон чӣ зарурате пеш омадааст, ки бо қатли рўзноманигор (ва он ҳам рўзноманигори муътадил) барои худ дарди сар дуруст кунад ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳангома созад? Илова бар ин, давлати Арабистони Саудӣ ва махсусан, Муҳаммад бен Салмон, ки ба фарқ аз дигар шоҳзодагон секулортар аст, ҳеҷ гоҳ намехоҳад ангушти ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафаш ишора кунад. Валиаҳди ҷавони давлати Саудӣ бештар ба ҷанбаи дунёмадорӣ мутамоил аст ва дар ин самт ду-се соли ахир корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст, аз ин лиҳоз, рабудан ва даҳшатноктар аз ин, ба куштан додани рўзноманигори муътадил ва мунтақиди варзида дар мисоли Ҷамол Хошуқҷӣ ба шеваи мудрияти Муҳаммад бен Салмон рост намеояд. Барои Сайидюнус бошад, дар атрофи ин навъ ахбори зидду нақиз ҳангома сохтан ва бароварда сохтани ниёзҳои мазҳабии худ (шиаро қабул кардааст) ва мухимтар аз ин, ниёзҳои хоҷагони шиамазҳабаш аз авлавиятҳои фаъолияти мафкуравӣ-идеологӣ маҳсуб меёбад.
Сайидюнус давлати Арабситони Саудиро бо Тоҷикистон дар масири одамрабоӣ ҳамсў медонад. Гап сари ин аст, ки давлати Тоҷикистон дар асоси қонунгузории ҷории кишвар ва риоёти асноди меъёрии ҳуқуқии марбута, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ пазируфта шудаанд, амал намуда, фаъолияти худро дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ба роҳ мемонад. Дигар ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро зидди экстремизму терроризми байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо давлатҳои ҳамҷавор ва ҷомеаи ҷаҳонӣ идома медиҳад. Арабистон ҳам фаъолдияти худро дар самти мубориза муқобили терроризму экстремизми динӣ-мазҳабӣ дар пайвастагӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ танзим мекунад. Сайидюнус, ки худ вобаста ба хизматгори ТТЭ ҲНИ буданаш ҷинояткор аст, ҳақ надорад, ки лист ва феҳристи ҷинояткоронро ба унвони бегуноҳҳон ирсол намуда, аз ин тариқ фаъолияти ду давлатро мавриди интиқоди муғризона қарор бидиҳад. Листи манзурнамудаи Истаравшанӣ аз афроде таркиб ёфтааст, ки дар анҷом додани ҷиноятҳо муқассиранд ва аз шахсияти онҳо, ки ношинохтаанд, тарошидани фаъолону мунтақидони сиёсӣ барои тими наҳзатӣ, минҷумла Истаравшанӣ зарурат дорад. Ваҷҳи интиқоди муғризоани Истаравшанӣ бештар рўйи таассуби мазҳабӣ (мазҳаби шиӣ манзур аст) тамаркуз мекунад ва азбаски қолаби ақидатии давлати Саудӣ ба лиҳози мазҳабӣ бо биниши динии Сайидюнус ва паноҳгоҳи мазҳабиаш мухолифат дорад, алайҳи он мешўрад. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳбарияти олии он ҳам Сайидюнус ихтилофи ақидатӣ ва сиёсӣ дорад, аз ин рў, дар ҳар матлаб ба домани давлат мечаспад ва кўшиш мекунад неше занад. Аз ин ҷост, ки таҳлилҳои Истаравшанӣ бештар хусусияти мазҳабӣ-ихлосӣ доранд ва бо ихлосу хулус ба мафкураи мазҳабӣ ироа мегарданд. Албатта, чун Истаравшанӣ ҳушёру зиранг аст, ихлосу хулуси мазҳабиро андаруни истилоҳоти муосири сиёсӣ пинҳон медорад, то воқеияти мазҳабиаш ошкор нагардад. 
Аммо ба ҳама равшан аст, ки Сайидюнус имрўз дар хизмати хоҷагони хориҷӣ – доираҳои шиамазҳаби эронӣ ва роҳбарияти ТТЭ ҲНИ мебошад ва берун аз дастуру супоришҳои онҳо ягон амалеро анҷом намедиҳад.

Фаридун Ориёӣ

                                        

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон