Халифаи Рӯшон: дахолати наҳзатиҳоро ба вазъи Бадахшон маҳкум мекунем

"Ҳоло наҳзатиён аз берун истода, ба вазъи феълии ВМКБ баҳо медиҳанд ва аз номи мардуми Бадахшон сухан мегӯянд, ки ин амали разилонаро ҳамаи мардуми ВМКБ қотеона маҳкум менамоянд", - менависад Қадамшо Қадамшоев
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Халифаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон Қадамшо Қадамшоев дар изҳороте "дахолати намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломро ба вазъи феълии БМКБ" маҳкум кардааст.
Изҳороти Қадамшоев дар саҳифаи Кумитаи дин мунташир шудааст.
"Ҳоло наҳзатиёну чанд муздури дигари хоҷагони хориҷӣ аз берун истода, ба вазъи феълии ВМКБ баҳо медиҳанд ва аз номи мардуми Бадахшон сухан мегӯнд, ки ин амали разилонаро ҳамаи мардуми ВМКБ қотеона маҳкум менамоянд", - менависад вай.

Халифаи Рӯшон аз ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ёдрас шуда, гуфтааст, аз дасти террористони ТЭТ ҲНИ ба вуқуъ пайваст".
"Бо ин роҳ террористон аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҷаҳониёнро тарсонданӣ мешванд, ки Тоҷикистон як кишвари пурхатар, террористдор ва ноором мебошад. Хиёнат ба Ватанро дар ҳеҷ давру замон ва ҳеҷ макон набахшиданду намебахшанд", - таъкид кардааст вай.
Қадамшо Қадамшоев афзудааст, ки ходимони дини вилояти Бадахшон сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд ва баҳри пешрати кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ёдрас мешавем, мавзӯи вазъи Бадахшон пас аз сафари раисҷумҳур ба вилоят ва интиқодаш аз қонуншиконӣ дар бархе аз навоҳии он сархатти хабарҳову баҳсҳо гашт.
"Ҳазор нафар дар шаҳри Хоруғ соҳиби нақлиёт бошад, 27 ҳазори дигар бенақлиёт аст. Чӣ, онҳоро пахш карда мегузаранд? Ҳуқуқи онҳо, озодии онҳо, амнияти онҳо чӣ мешавад?", — суол гузошта буд Эмомалӣ Раҳмон
Ӯ афзуд, давлат дар асоси Конститутсия вазифадор аст, ки амнияти шаҳрвандонро, тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони БДА хост, вазифаҳои хидматиятонро иҷро кунанду тартибот дар роҳро таъмин намоянд.
Чанде пеш Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон дар як изҳороташ аз халифаҳои исломӣ дар ВМКБ даъват намуд, ки бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд.
Ба гуфтаи вай, "дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар сомонаҳои гурӯҳҳое, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории Тоҷикистонро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд, воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа шудааст. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Аврупо қарор доранд ва дар нишасти солонаи САҲА оид ба ченакҳои инсонӣ иштирок намудаанд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд".
"Дар мазҳаби исмоилиён низ чун мазҳаби ҳанафӣ бадиву бадкорӣ мазаммат карда мешавад, бояд халифаҳои исмоилӣ низ бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд. Мо бояд дарк намоем, ки дар назди Худову Расул (с), дар назди ҷомеаву наслҳои оянда масъулем. Чунонки Паёмбар (с) фармуданд: "Дониста бошед, ки ҳар яки шумо масъулияте доред ва ҳар яки шуморо аз он мепурсанд" (Бухорӣ ва Муслим)”, - гуфта буд Абдулқодирзода.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон