ФАТВОИ ШӮРОИ УЛАМО: АМАЛҲОИ ҲНИТ ХИЛОФИ ШАРИАТ ВА МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ АСТ

ФАТВОИ ШӮРОИ УЛАМО: АМАЛҲОИ ҲНИТ ХИЛОФИ ШАРИАТ ВА МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ АСТ

 

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон дар як муроҷиатнома ба мусулмонони кишвар амалкардҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро"хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ” номида, аз мардум даъват кардааст, ки аз фирқаву мазҳабҳои навпайдо дурӣ ҷӯянд. Шӯрои уламо дар шароити кунунӣ яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафиро "омили асосӣ ва муҳим барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар” хондааст.

Муроҷиатномаи раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба мардуми мусулмони кишвар рӯзи 5 октябр дар сомонаи расмии Маркази исломӣ нашр шудааст.

Дар ин муроҷиатнома бо ситоиш аз "баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон” ва бо зикри харобиҳои кишварҳои ҷангзадае, чун Афғонистону Сурия ва Ироқу Яман аз он изҳори нигаронӣ карда мешавад, ки воқеаҳои фоҷиабор дар ҷаҳони Ислом "бо дасисаи доираҳои харобкору манфиатҷў" ва "бо номи Ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло” сурат мегиранд.

Раёсати Шӯрои уламо дар идомаи муроҷиатномааш ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро ба "халалдор кардани амнияту суботи кишвар, гумроҳ намудани мардум ва ба сари тоҷикистониён овардани фитнаву балоҳо” айбдор карда, мегӯяд,"ин бадхоҳони давлату миллат ободиву тараққиёти Тоҷикистонро тавони дидан надоранд ваҳамеша дарҷустуҷўи камбудиву эҷоди фитнаанд.”

Шӯрои уламо ҳамчунин аз он изҳори таассуф кардааст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аъмоли ҲНИТ-ро нодида гирифта, гузоштанд, ки "дар Аврупо-дар Варшава аз тарафи чанд нохалаф эътилофи "Паймони миллии Тоҷикистон” созмон ёбад.”


Раёсати Шӯрои уламо меафзояд, ки "дар асоси далелҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ, амалҳои фитнаҷўёнаи ТЭТ ҲНИ-ро таҳлилу баррасӣ карда”, ба хулосае расидааст, ки "ҳамаи амалкардҳои ТЭТ ҲНИ хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, пайравӣ намудан аз ин ташкилот тибқи далелҳои шаръӣ нодуруст аст, зероҳадафи ТЭТ ҲНИ эҷоди фитна ва ихтилоф дар байни мусулмонон ва барҳам задани сулҳу амнияти кишвар мебошад.”

Ин ниҳод ҳамчунин амалҳои ҲНИТ-ро "сабаби бурузи ихтилоф дар миёни мусулмонон ва бадном шудани дини мубини Ислом” номида, изҳори ақида кардааст, ки "яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ омили асосӣ ва муҳим барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад.” Шӯрои уламо ба ин далел аз мусулмонони Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз ҳар гуна "фирқаву равияҳои навпайдо” дурӣ ҷуста, "ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд.”

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бино ба иттилои сомонаи расмии ин Марказ дар ҳоли ҳозир аз инҳо иборат аст:

1.Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо

2. Абдулбасир Саидзода, муовини аввал (фарзанди Эшони Абдураҳмонҷон)

3. Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, муовин.

Аъзо:

4.Ҷамолиддин Хомӯшӣ

5. Ҳикматулло Сиҷоатзода

6. Исроил Саидов

7.Мирзоолим Азимов

8.Раҳим Каримов (Мулло Абдураҳим)

9. Азалшоҳи Шарифзода.

Мунтақидон мегӯянд, баъди ба мақоми раиси Шӯрои уламо расидани Саидмукаррам Абдулқодирзода Маркази исломии Тоҷикистон мустақилияти худро аз даст дод ва ба як бахши мошини таблиғотии ҳукумат табдил ёфтааст. Ин Шӯро дар масоили мухталифи сиёсӣ аз мавқеи тарафдории комил аз ҳукумат ва маҳкум кардани мухолифин изҳорот нашр мекунад. Мунтақидон инро дахолати қишри рӯҳонӣ дар умури сиёсӣ ва мухолифи асли Қонуни асосии Тоҷикистон мешуморанд, ки низоми давлатиро дунявӣ унвон карда, динро аз давлат ҷудо кардааст.

 

Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мусулмони кишвар

 

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Сипосу ҳамди бепоён ба Худованди яктову ниҳоят меҳрубон, ки раҳмати Ӯ ҳама ашёро фаро гирифтааст. Дуруду салавот ба Паёмбари акрам Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ваҳама хонадону ёронаш бод.

Мардуми шарифи Тоҷикистон тўли солҳои ваҳдату истиқлол шаҳди зиндагии шоистаи инсониро бо фазли Парвардигор ва аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон хеле хуб чашидаву дарк кардаанд ва дарҳеҷвазъиятуҳолат тафриқаву ихтилоф ва ноамнию бесуботиро намехоҳанд. Ба ягон фарди оқил ва муъмини воқеӣвазъи Афғонистон ва Сурияву Ироқ, Яман, ки натиҷаи нотифоқиву номуттаҳидии мардум аст, писанд нахоҳад буд.


Имрўзҳамаи мо аз воқеаҳои фоҷеабор дарҷаҳони Ислом нигаронӣдорем. Бо дасисаи доираҳои харобкору манфиатҷў иддае аз кишварҳои мусулмонӣдар гирдоби мухолифатҳою даргириҳои шадидқарор гирифта,ҳазорон нафар одам куштаву беватан мегарданд ва маҳалҳои зисташон ба харобазор табдил меёбад. Аҷаб он аст, киҳамаи ин ваҳшоният бо номи Ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло сурат мегирад. Дарҳоле ки кирдорҳои мазкур мухолифи фармудаҳои Илоҳӣва куллиқавонини башарӣбуда, даст задан ба чунин аъмол гуноҳҳои нобахшиданианд.

Худованди мутаъол касонеро, ки миёни мусулмонон тафриқа эҷод мекунанд ва бо номи Ислом аъмоли зиддиисломӣсодир менамоянд, «мушрикону мунофиқон» унвон гузоштааст ва мусулмононро даъват кардааст, то аз пайравӣба онҳо худдорӣнамоянд. Худованд мефармояд:

«Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ваҳар фирқае баҳарчи дошт, дилхуш буд».(Рум; 32).

Агар мо имрӯзҳақиқати ин гуна равияҳои фитнаангезро ба мардум нарасонем ва пеши роҳи онҳоро нагирем, фардо дер мешавад ва он гоҳ дигар касе ба доди мо намерасад.

Баҳамагон маълум аст, ки боқарори Суди Олииҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) – террористӣ шинохта шуда, фаъолияти он қатъ гардид. Чунки борҳо собит шуд, ки ҳадафи ин гурӯҳи ҷинояткор халалдор кардани амнияту суботи кишвар, гумроҳ намудани мардум ва ба сари тоҷикистониён овардани фитнаву балоҳост. Ваҳшигарӣ, хиёнат ба миллат, қатлу куштор аз шеваҳои асосии ТЭТ ҲНИ ва пайравони ӯст. Ин бадхоҳони давлату миллат ободиву тараққиёти Тоҷикистонро тавони дидан надоранд ваҳамеша дарҷустуҷўи камбудиву эҷоди фитнаанд.

Мутаассифона, амалҳои тахрибгароёна, ҳаракатҳои террористиву экстремистидоштаи ТЭТ ҲНИ-ро баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ нодида мегиранд. Мегузоранд, ки дар Аврупо-дар Варшава аз тарафи чанд нохалаф эътилофи "Паймони миллии Тоҷикистон” созмон ёбад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси далелҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ, амалҳои фитнаҷўёнаи ТЭТ ҲНИ-ро таҳлилу баррасӣ карда, ба мардуми кишвар чунин муроҷиат менамояд:


1. Ҳамаи амалкардҳои ТЭТ ҲНИ хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, пайравӣ намудан аз ин ташкилот тибқи далелҳои шаръӣ нодуруст аст, зероҳадафи ТЭТ ҲНИ эҷоди фитна ва ихтилоф дар байни мусулмонон ва барҳам задани сулҳу амнияти кишвар мебошад.

2. Яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ омили асосӣ ва муҳим барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад.

3. Амалҳои ТЭТ ҲНИ сабаби бурузи ихтилоф дар миёни мусулмонон ва бадном шудани дини мубини Ислом мегардад.

4. Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд, зеро мазҳаби аҷдодии мо зиёда аз 13қарн инҷонибҳамчун мазҳаби таҳаммулпазир ва инсондӯст дар олами Ислом шинохта шудааст.

5. Мо мардуми мусулмони Тоҷикистон бояд дар ақидаи худ устувор бошем ва аз ҳар гуна фирқаву равияҳои навпайдо дурӣ ҷӯем, дину мазҳаби худро ҳимоя намуда, Ватани худро аз зуҳуроти номатлуб ҳифз кунем ва дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ зиндагӣ намуда, озодона ибодати худро анҷом диҳем. Чунки дини мубини Ислом ва хоссатан мазҳабиҳанафӣсулҳу суботиҷомеаро беҳтарин арзиши исломӣэътироф мекунад, ки бароиҳар фарди мусулмон комилан фаҳмову равшан аст.

 

Раёсати Шўрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон