ИЗҲОРОТИ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ: МО ҲАНӮЗ БО КАСЕ ПАЙМОН НАБАСТАЕМ

Додоҷон Атовуллоев, роҳбари "Ватандор” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ӯву тарафдоронаш ҳанӯз ба эътилофи нави мухолифини тоҷик ҳамроҳ нашудаанд. Атовуллоев гуфт, онҳо бо касоне ҳампаймон хоҳанд шуд, ки "ҳаргиз паймон нашкастаанд.” Рӯзи 9 сентябр 4 ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар Варшава аз таъсиси эътилофи нави мухолифин бо номи Паймони миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ хабар доданд.

 

Додоҷон Атовуллоев, роҳбари "Ватандор” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар анҷумани солонаи САҲА дар Варшава қарор дорад, рӯзи 11 сентябр бо нашри як баёния гуфт, ӯву тарафдоронаш ҳанӯз дар мавриди пайвастан ба эътилофи нави мухолифини тоҷик тасмим нагирифтаанд.

Рӯзи 9 сентябр 4 ташаккули оппозитсионӣ – ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо – аз таъсиси эътилофи нави мухолифин бо номи Паймони миллии Тоҷикистон хабар доданд. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки роҳбари Паймони миллӣ интихоб шуд, гуфт, дарҳои эътилоф ба рӯи нирӯҳои дигар низ боз аст.

Аммо Додоҷон Атовуллоев дар изҳороташ гуфт, ӯву тарафдоронаш бо онҳое эътилоф хоҳанд баст, ки "ҳаргиз паймон нашкастаанд."

Додоҷон Атовуллоев қаблан ҳам бо мухолифат ба таъсиси эътилофи нави оппозитсия тоҷик гуфта буд, ки усулан ба зидди сохтани эътилоф зери чатри ҳизби мазҳабист.

Додоҷон Атовуллоев, ки дар поёни соли 1992 тарки Тоҷикистон кард, баъди чандин соли зиндагӣ дар Маскав ва чанд дафъа боздошт шудану ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтанаш дар Олмон паноҳанда шуд. Ӯ соли 2007 ҷунбиши "Ватандор”-ро ва сипас Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистонро таъсис дод.

 

Додоҷон Атовуллоев
масъул аст, ки ...

аз номи ёрон, ҳамандешон, ҳамсафон ва ҳамчунин раҳбарии "Ватандор” ва "Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон”
изхор бинамояд:

БАЁНИЯ

Мо ҳанӯз бо касе ё гурӯҳе паймон набастаем. Бо онҳое ҳампаймон хоҳем шуд, ки маънои "паймон"-ро дарёфтаанду ҳаргиз паймон нашкастаанд.

Ҳампаймонони мо арҷу эътибор доранд ва бо арзишҳою андешаҳои мо дар масъалаҳои калидӣ ва усулӣ ҳамнавоянд.

Паймонаи мо аз хиёнат, ҳамоқат ва ҳақорати онҳое, ки ҳар рӯз чеҳраашонро, омӯзаву омӯзгорашонро, роҳу роҳбарашонро иваз мекунанд, пури пур аст.

Мо дигар ҳам зиёд борон дидаему ҳам сахт сӯхтаем, аз таҷрибаи рӯзгор андӯхтаем ва ҳар гомро санҷида мегузорем, аммо на ба хотири мулоҳизакорӣ, балки барои сохтмони ҷовидонии паймони миллӣ.

Ҳамроҳи мо касонеанд, ки ҳамсафарро санг намезананд, қоидаҳои роҳро нодида намегиранд ва роҳро аз чоҳ бозмешиносанд ва аз поёни роҳ шинохте доранд ва ҳаргиз ба ҳамроҳи худ хиёнат намекунанд.

Роҳи мо якест ва он ПАЙМОНИ МИЛЛӢ аст, ки хамаро фаро мегирад! Бидуни истисно. Ва на чанд ному гурӯҳи ноошноро.

Мо як роҳро меписандем. Ва он роҳест, ки ба Моми Меҳан – Тоҷикистон хатм мешавад; бо барномаи мушаххаси рушди ҳукумати миллӣ.

Роҳи имрӯзи мо ба он фардост!

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон