КАБИРӢ РОҲБАРИ ЭЪТИЛОФИ НАВИ МУХОЛИФИН ИНТИХОБ ШУД

КАБИРӢ РОҲБАРИ ЭЪТИЛОФИ НАВИ МУХОЛИФИН ИНТИХОБ ШУД

Паймони миллии Тоҷикистон хабар дод, ки Шӯрои ин иттиҳоди тозабунёди нирӯҳои мухолифин Муҳиддин Кабириро ба унвони роҳбари Паймони миллӣ интихоб кардааст. Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар Варшава аз ҷониби 4 гуруҳи мухолифи ҳукумати кунунӣ – Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – таъсис ёфт.

Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар нахустин ҷаласаи муасссисони ин эътилофи нави мухолифон дар шаҳри Варшава аз ҳисоби намояндагони 4 гуруҳи муассис таъсис ёфт, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро роҳбари Паймони миллӣ интихоб кард.

Дар иттилоияи Паймони миллӣ гуфта мешавад, ки ба мақоми роҳбари эътилоф номзадҳои дигар низ пешбарӣ шуданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, номзадҳои дигар аз пешбарии худ ба мақоми роҳбари Паймони миллӣ даст кашидаанд ва аъзои Шӯро Кабириро ба ин мақом интихоб кардаанд.

Нирӯҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) дар рӯзи солгарди 27-уми истиқлоли Тоҷикистон ва дар остонаи анҷумани ҳуқуқи башари САҲА, ки дар Варшава доир мешавад, маросими имзои Эъломияи Паймони миллии Тоҷикистонро баргузор карданд.

Ба ин эъломия роҳбарони 4 созмони оппозитсионӣ – раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ, ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози Анҷумани озодандешони тоҷик Алим Шерзамонов ва роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо Илҳомҷон Ёқубзода имзо гузоштанд.

Паймони миллии Тоҷикистон бунёди сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон, эҷоди шароити ҳуқуқӣ ва и қтисодии баробар барои ҳама ҳамччун асоси рушду пешрафти кишвар, эҳёи ҳуқуқи ҳар шаҳрванд; ҳаққи озодии баён, андеша, виҷдон, чамъомад ва гирдиҳамоӣ, ҳаққи ҳаёт, меҳнат, рафту омад, ҳаққи дарёфти хизматрасонии босифати тиббӣ, омӯзиш, ҳаққи таъмин шудан ба манзил, ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан ва дигар ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрвандро аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии худ ном мебарад.

Ин эътилоф ҳамчунин хостори эҷоди шароит барои баргузории интихоботҳои озоду одилона дар Тоҷикистон шуда, ба ислоҳоти решаӣ ва фарогир дар Тоҷикистон даъват мекунад.

Баҳси таъсиси эътилофи нави нирӯҳои мухолифини тоҷик, ё ба истилоҳ, ИНОТ-2 беш аз як сол ба ин сӯ, аз замони нишасти якуми оппозитсия дар Дортмунди Олмон дар моҳи июли соли 2017 идома дошт.

Аммо ду гуруҳи дигари мухолифин – Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷон Атовуллоев ва "Гуруҳи 24” аз пайвастан ба ИНОТ-2 худдорӣ карданд.

Додоҷон Атовуллоев гуфт, усулан мухолифи дар зери чатри як ҳизби мазҳабӣ, яъне ҲНИТ, сохтани эътилофи нав аст. "Гуруҳи 24” моҳи январи соли ҷорӣ эълон кард, ки ҳар гуна ҳамкориро бо ҲНИТ, аз ҷумла дар мавриди шурути таъсиси ИНОТ-2 қатъ мекунад.

Як намояндаи "Гуруҳи 24” қаблан ба "Ахбор” гуфт, як сабаби сарпечии онҳо аз бастани эътилоф бо ҲНИТ ин аст, ки ҲНИТ музокирот бо ҳукуматро истисно намекунад, вале "Гуруҳи 24” барои тағйири куллии ҳукумати кунунӣ мубориза мебарад.

Аммо имсол дар арсаи оппозитсия тоҷик дар Аврупо се созмони нав – Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ташкил шуданд ва аз пеш бовар мерафт, ки ҲНИТ бо ҳамин созмонҳои навбунёд, ки дар мавқеъгириҳои сиёсӣ бо ҲНИТ наздиктаранд, эътилоф хоҳад баст.

Ташкили эътилоф дасти оппозитсияи тоҷикро дар фаъолиятҳояш бозтару дарозтар мекунад, чунки фаъолияти ҲНИТ ва "Гуруҳи 24” дар Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳ мамнӯъ буд ва ин мақомоти кишварҳои дигар, аз ҷумла кишварҳои ғарбиро маҷбур мекард, ки дар тамос бо намояндагони ин гуруҳҳои расман мамнӯъ аз эҳтиёт кор бигиранд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон