5 КАС ДАР ҲАБС, ЯК НАФАР ДАР ҶУСТУҶӮ: ТАФТИШИ ҲАМЛАИ ДАНҒАРА АНҶОМ ЁФТ

Мансурҷон Умаров. Акс аз "Мавҷи Олмон"

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар дод, ки тафтиши парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара анҷом ёфтааст ва рӯзҳои наздик парванда ба додгоҳ фиристода мешавад. Ба гуфтаи Умаров, барои ин ҳамлаи хунини рӯзи 29 июл 5 нафар ба додгоҳ эҳзор мешаванд ва як нафари дигар таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст.

Хабаргузории русии РИА Новости рӯзи 4 сентябр аз қавли Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҳамлаи рӯзи 29 июл ба зидди сайёҳони хориҷии велосипедсавор дар ноҳияи Данғара, дар 90-километрии ҷануби Душанберо анҷом додаанд.

Мансурҷон Умаров ба РИА Новости гуфтааст,ки «тафтиши ҳамлаи террористӣ ба зидди гуруҳи сайёҳони хориҷии велосипедсавор анҷом дода шудааст ва ба наздикӣ ин парванда барои муҳокима ба додгоҳ супурда мешавад.»

Муовини аввали сардори КДАМ афзудааст, ки дар маҷмӯъ 5 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар ташкил ва анҷоми ҳамла ба зидди сайёҳон ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Як узви дигари ин гуруҳ, ки тавонистааст фирор кунад, ба гуфтаи Умаров, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст.

 

Мансурҷон Умаров ҳамзамон хабари иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико дар Душанбе Кевин Коверт дар бораи ба Тоҷикистон омадани мутахассисони амрикоӣ барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳамлаи Данғараро рад карда, гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон тафтиши ин қазияро ба танҳоӣ мустақилона анҷом додаанд: "Амрикоиҳо барои тафтиши ин ҷиноят изҳори кумак карданд, вале аз Амрико касе наомад. Кумаки онҳо лозим ҳам набуд, чунки мо ин ҳамлаи террористиро дар гармогармиаш ошкор кардем.”

Рӯзи 29 июл, соати тахминан 15:30 ҳамлагарон бо як мошини рангаш сиёҳи "Дэу Лагенза” дар роҳи Кӯлоб – Душанбе дар рӯбарӯи деҳаи Сафобахш (собиқ Ёхсу)-и ноҳияи Данғара гуруҳи сайёҳони велосипедсаворро, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштанд, пахш карданд. Сипас ҳамлагарон аз мошин фаромада, бо корд ба сайёҳон ҳамла карданд.

Дар натиҷаи ин ҳамла 4 сайёҳ - шаҳрвандони Амрико Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рен Виллем ва Маркус Ҳамел аз Швейтсария кушта шуда ва ду нафари дигар - Ким Айрис шаҳрванди Ҳолландва Дименд Мари Клер шаҳрванди Швейтсария - захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон алакай шоми 30 июл эълон карданд, ки аз 5 ҳамлагар 4 нафараш – бародарон Аслиддин ва Ҷаъфариддин Юсуповҳо аз шаҳри Норак, Зафарҷон Сафаров ва Асомуддин Маҷидов аз деҳаи Селгаи ноҳияи Панҷро дар ҷараёни амалиёт дар ҳудуди ноҳияи Данғара кушта, танҳо роҳбари онҳо Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов), сокини 33-солаи шаҳри Душанберо зинда дастгир кардаанд.

Мансурҷон Умаров дар суҳбат бо РИА Новости ошкор накардааст, ки ба ҷуз аз Абдусамадов он 4 нафари дигари шарик дар ҳамлаи Данғара кистанд? Ӯ исми нафареро, ки фирор карда ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад, низ нагуфтааст.

Вале қаблан додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти ҳудуди 10 сокини шаҳри Норак ва атрофи он бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи Данғара хабар дода буд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ҳизби дар ин кишвар мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ва Эронро масъули ҳамлаи Данғара номида, гуфта буданд, ки Абдусамадов дар Эрон тамрини идеологӣ ва диверсионӣ гирифта, тавассути Носирхӯҷа Убайдов, ё Қорӣ Носир ном нафаре, ки мақомот узви ҲНИТ номаш мебаранд, ба ин ҳизб пайвастааст. Ба иддаои мақомот, фаъолияти ҳамлагаронро дар Данғара Қорӣ Носир аз шаҳри Хоши Эрон роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекард.

Эрон ва ҲНИТ ҳар навъ даст доштани худ дар ҳамлаи Данғараро рад мекунанд. Эрон сафири Тоҷикистонро ба вазорати хориҷааш фаро хонда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд. ҲНИТ ба таҳқиқи байналмилалии ҳамлаи Данғара даъват кард.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт ва видеоеро ҳам нашр кард, ки дар он 5 ҳамлагар қабл аз куштани сайёҳон ба "халифа”-и худхондаи ДОИШ Абӯбакри Бағдодӣ байъат (савганд) месупоранд.

Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳороти дигар бо пойфишорӣ ба фарзияи дасти ҲНИТ дар ҳамлаи Данғара гуфт, ҲНИТ ин ҳамларо махсус зери пӯшиши парчами ДОИШ анҷом додааст, то гумонро аз худ дур кунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон