расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аз манфиат холӣ нест

. / Ҷомеа

Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аз манфиат холӣ нест

1136
Дар доираи нақшаи корӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳои муштарак дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чанд рӯз пеш кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсуповаи шаҳри Душанбе чорабинии мақсаднок гузарониданд.
Бояд гуфт, тавре аз мушоҳидаҳо аён гардид, бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти коллеҷи мазкур қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти касбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботи таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Дар суҳбат бо маъмурияти коллеҷи мазкур кормандони милитсия ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тамоми ҷонибҳои масъулро вазифадор менамоянд, ки нисбати саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Тавре қайд карда шуд, коллеҷ ҳамчун муассисаи таълимӣ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши касбу ҳунар, илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони он бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.
Дар навбати худ, зимни суҳбат бо созмондиҳандагони ин чорабинии мақсаднок, масъулини Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсуповаи шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ боиси дастгирӣ буда, чунин чораандешиҳо барои пешгирии паҳншавии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Абдулло ШОҲИЁН,
нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ,
майори милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.