СИТОИШИ УБАЙДУЛЛОЕВ АЗ МАТВИЕНКО: ИН ЗАН АЗ БИСЁРИ МАРДҲО МАРДТАР АСТ (ВИДЕО)

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Маскав дар мулоқот бо омӯзгорони русе, ки барои кор ба мактабҳои Тоҷикистон фиристода мешаванд, аз нақши ин муаллимон дар рушди бахши маорифи кишвараш ситоиш кард. Ӯ ҳамчунин бо изҳори сипос аз раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко барои пуштибонӣ аз ин барнома Матвиенкоро як зани идеал номид ва гуфт, ӯ дар рафтор аз бисёри мардҳо мардтар аст.

 

Рӯзи 28 август раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Маскав бо 50 омӯзгори русе, ки имсол барои кор ба мактабҳои Тоҷикистон фиристода мешаванд, мулоқот карданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо изҳори ташаккур ба мақомоти Русия, бавижа ба хонум Матвиенко изҳори умед кард, ки ин таҷрибаи ирсоли омӯзгорони рус ба мактабҳои Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ қатъ хоҳад шуд. Убайдуллоев гуфт, дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳаққи устодро аз ҳаққи ҳатто падару модар болотар мегузоранд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев нахустин омӯзгоронеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон барои кор рафтанд, қаҳрамон ва дар маҷмӯъ ин омӯзгорони рус дар мактабҳои тоҷикиро "меҳмон -атои Худо номид. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар идомаи суханрониаш забони русиро як забони муҳим барои мардуми Тоҷикистон номид ва гуфт, "агар забони русӣ намебуд, мо бо ҳамсояҳоямон бо кадом забон гап мезадем?”

Валентина Матвиенко гуфт, ӯро ба пуштибонӣ аз ин барномаи фиристодани омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон як ҳарфи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон водор кардааст. Эмомалӣ Раҳмон ба Матвиенко гуфтааст, дар солҳои 30, ки даврони сахте буд, қариб дар ҳар деҳаи Тоҷикистон ҳатман омӯзгоре аз Русия буд. "Агар Русия дар он даврони сахт ба Тоҷикистон омӯзгор мефиристод, чаро имрӯз ин корро карда натавонад?” – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Соли 2017 Русия нахустин гуруҳи омӯзгоронаш иборат аз 30 нафарро ба мактабҳои Тоҷикистон фиристод. Имсол Маскав 50 омӯзгорро барои кор ба Тоҷикистон мефиристад.

ЭҳсонИ Хушвақт, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки омӯзгорони рус рӯзи 31 август, соати 18 бо парвози "Сомон Эйр” ба фурудгоҳи Душанбе мерасанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон