расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Машқҳои шабонаи оташнишонӣ дар иншооти фарҳангӣ

. / Ҷомеа

Машқҳои шабонаи оташнишонӣ дар иншооти фарҳангӣ

1133
Дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ба ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии тактикӣ–оташнишонӣ дар иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву корхонаҳои шакли моликияту мансубияташон гуногун, бозору марказҳои калони савдо, ҷойҳои оммавӣ ва биноҳои баландошёна диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи тирамоҳу зимистон дар онҳо чораю тадбирҳои иловагии зиддисӯхториро роҳандозӣ менамоянд. Қобили қайд аст, ки яке аз воситаҳои муҳимтарини ноил шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавии ҳайати роҳбарикунанда ва шахсӣ мунтазам гузаронидани машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ дар шароитҳои гуногуни ба воқеият наздик ба ҳисоб меравад. Дар чунин машқҳои амалӣ ҳамаи масъалаҳо оид ба ташкили бо мувафаққият хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда такмил дода мешаванд. 
Дар робита ба ин, тибқи нақшаи аз тарафи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода тарҳрезӣ ва аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода тасдиқ кардашуда, бо мақсади таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва сайқал додани маҳорати касбию дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳолати омодабошии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ, шаби 24 октябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе машқи тактикӣ-оташнишонӣ доир карда шуд.
Аз рӯи сенарияи машқ гӯё дар толори Театри академии опера ва балет дар масоҳати 177 метри мураббаъ ва дар кинотеатри «Ватан» дар масоҳати 63 метри мураббаъ дар як вақт сӯхтор ба амал омадааст. Бо қабули хабар аз тарафи нуқтаи маркази алоқаи Сарраёсат фавран ба маҳалли ҳодисаҳои сӯхтор, тибқи ҷадвали баромадҳо бо даъвати №3, қувваву воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ сафарбар карда шуданд.
Ҳамчунин бо супориши роҳбарони амалиёти машқӣ тактикӣ-оташнишонӣ муовинони сардори СХДО ВКД полковникҳои хизмати дохилӣ Сайдализода Аловуддин Зайниддин ва Холзода Хол Барот дар ҷойҳо Ситоди оташнишонӣ таъсис дода шуда, то расидани қувваву воситаҳои асосӣ барои рафъи сӯхтор аъзоёни дружинаи идоравии оташнишонии иншоот сафарбар карда шуданд. Дар кӯтоҳтарин муддат ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо миқдори зарурии нақлиётҳои асосию махсус, инчунин кормандони раёсату шуъбаҳои мухталифи мақомоти корҳои дохилӣ, шабакаҳои барқу газ, обу корезӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори ҳамоҳангсозӣ низ ба ҷойи таъин гардида, ҳозир шуданд. Барои пешгирии роҳҳои паҳншавии оташ, рафъи пурраи сӯхтор ва наҷоти молу мулк дар Театри академии опера ва балет 3 минтақаи муҳорибавӣ ва дар кинотеатри «Ватан» 2 минтақаи муҳорибавӣ ташкил карда, қувваву воситаҳо сари вақт сафарбар карда шуданд. Инчунин барои муайян намудани сабаб, гунаҳгор ва зарари расонида шуда, аз ҳисоби мутахассисони Сарраёсат ва дигар ниҳодҳои дахлдор гурӯҳи таҳқиқотӣ таъсис дода шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.