УЗВИ “ГУРУҲИ 24” МУСТАФО ҲАЁТОВ ДАР ПОЛША ДАСТГИР ШУД

Мустафо Ҳаётов, як узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24” дар Полша(Лаҳистон) боздошт шудааст ва ба таҳдиди ихроҷ ба Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст. Тарафдоронаш аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки дар сурати ихроҷ ба Тоҷикистон Мустафо Ҳаётов ба далели фаъолиятҳои оппозитсиониаш ба шиканҷа ва бадрафторӣ дучор хоҳад шуд. Ҳаётов дар "гуруҳи 24” масъули бахши таблиғот дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд.

 

Мустафо Ҳаётов, яке аз фаъолони созмони феълан дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24” дар Полша (Лаҳистон) дастгир шуда, ба урдугоҳи паноҳандагони дар ҳоли ихроҷ аз қаламрави ин кишвар бурда шудааст.

Мақомоти муҳоҷирати Лаҳистон гуфтаанд, ки Мустафо Ҳаётовро ба далели вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Аврупо ба Тоҷикистон ихроҷ хоҳанд кард. Аммо ҳамсафони ӯ мегӯянд, дар сурати ихроҷаш ба Тоҷикистон Мустафо Ҳаётов ба далели фаъолиятҳои оппозитсиониаш ба таври ногузир ба шиканҷаву бадрафторӣ ва ҳукми зиндони тӯлонӣ дучор хоҳад шуд.

Мустафо Ҳаётов 14 апрели соли 1994 дар ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод ба дунё омада, соли 2014 ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш дар Русия ба "Гуруҳи 24” пайваст.

Мустафо Ҳаётов 18 августи соли 2016 аз тариқи Украина вориди Полша шуда, аз ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дархости паноҳандагӣ кард. Моҳи октябри соли 2017, баъди рад шудани дархости паноҳандагиаш аз ҷониби мақомоти Полша, Мустафо Ҳаётов ба Олмон омад ва аз ин кишвар паноҳ ҷуст.

Аммо тибқи Паймони Дублин кишварҳои Аврупо паноҳҷӯёнеро, ки аз як кишвари дигари ин қора ба кишвари дигар омада, дархости паноҳандагӣ мекунанд, бояд ба ҳамон кишвари аввал баргардонанд. Мақомоти Олмон бар асоси Паймони Дублин Мустафо Ҳаётовро рӯзи 20 июни соли 2018 ба Полша пас фиристоданд ва мақомоти Полша ӯро рост ба урдугоҳи паноҳҷӯёни дар ҳоли ихроҷ бурданд. Мақомоти Полша рӯзи 17 июл ҳукми вопас фиристодани ӯ ба кишвараш, яъне ба Тоҷикистонро ба дасти Ҳаётов доданд.

Ҳоло вакили мудофеи Мустафо Ҳаётов дар Полша талош дорад, то ки пеши роҳи ихроҷи ӯ аз Полшаро бигирад.

Мустафо Ҳаётов дар "Гуруҳи 24” масъулияти бахши таблиғотии гуруҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро ба ӯҳда дошт. Ҳаётов солҳои 2016 ва 2017 дар анҷуманҳои солонаи САҲА дар Варшава аз номи "Гуруҳи 24” иштирок дошт.

"Гуруҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов соли 2012 баъди тарки кишвар таъсис дод. Ин созмон дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар шаҳрҳои Русия силсилаи эътирозҳо ба зидди ҳукуматро ташкил кард ва мардумро ба эътирози ниҳоӣ дар майдони Дӯстӣ дар маркази Душанбе даъват кард. Дар рӯзи эълон шуда – 10 октябри соли 2014 – касе ба ин гирдиҳамоӣ наомад, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон як рӯз қабл аз он фаъолияти "Гуруҳи 24”-ро дар кишвар расман манъ карда, онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори "Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар натиҷаи сӯиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд. Даҳҳо тан аз аъзои ва тарафдорони ин созмон дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигар бо дархости мақомоти Душанбе дастгир шуданд ва қисми дигараш ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон