ВИДЕОИ ДУЮМИ МУЛЛО АЁМИДДИН: КАСЕ МАРО БА АЙБДОР КАРДАНИ ҲНИТ МАҶБУР НАКАРДААСТ

ВИДЕОИ ДУЮМИ МУЛЛО АЁМИДДИН: КАСЕ МАРО БА АЙБДОР КАРДАНИ ҲНИТ МАҶБУР НАКАРДААСТ

 

Рӯзи 17 август ба дасти сомонаи "ОРИЁН” видеои наве расид, ки дар он Аёмиддин Сатторов, яке аз асосгузорони ҲНИТ мегӯяд, ки касе ӯро барои айбдор кардани ин ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ маҷбур накардааст. Мулло Аёмиддин, ки чанд моҳ пеш ба Ватан баргашт, рӯзи 13 август дар як барномаи нимсоата ҳамсафони собиқашро сабабгори тамоми бадбахтиҳои Тоҷикистон номид ва гуфт, аз сафи ҲНИТ хориҷ шудааст. ҲНИТ дар вокунишаш гуфт, Мулло Аёмиддинро бо таҳдиди зиндон ба сабти ин видео маҷбур кардаанд.

 

Рӯзи 17 август ба дасти сомонаи "ОРИЁН” видеои нави Аёмиддин Сатторов, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) расид. Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, дар ин видео аз суханҳои дар барномаи нимсоатаи рӯзи 13 август аз номи ӯ нашршуда пуштибонӣ карда, мегӯяд, ҳарчӣ дар он видео ба зидди ҲНИТ гуфт, бо ихтиёри худаш гуфтааст ва касе ӯро маҷбур ё таҳдид накардааст, ки ин суханонро нисбат ба ҳамҳизбони собиқаш ба забон биорад.

Бо вуҷуди исрори зиёд, талоши сомонаи "ОРИЁН” барои суҳбати рӯбарӯ бо худи Мулло Аёмиддин натиҷа надод. Ба ҷои имкони чунин суҳбат дар бораи дар чӣ шароите сабт шудани видеои аввал мақомот ин видеои навро дар ихтиёри сомонаи "ОРИЁН” гузоштанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон