расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “ҶИНБАРОР” БО ГУНОҲИ БАДАХЛОҚИИ ШАҲВОНӢ БА ЗИНДОН РАФТ

Асосӣ / Ҷомеа

“ҶИНБАРОР” БО ГУНОҲИ БАДАХЛОҚИИ ШАҲВОНӢ БА ЗИНДОН РАФТ

Суди шаҳри Ҳисор моҳи майи соли ҷорӣ Ҷӯрабой Сочаевро бо гуноҳи қаллобӣ ва алоқаи ҷинсӣ, инчунин дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо сӯистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ маҳкум ба зиндон кард. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Сочаев Ҷӯрабой худро “муллои ҷинбарор” эълон карда, “ба ном табобати шаҳрвандонро бе доштани маълумоти расмии динӣ дар намуди маҳсгароӣ, дуохонӣ, аз бадан баровардани ҷин, сеҳру ҷоду ва бахткушоӣ ба роҳ монда, бо сӯистифода аз боварӣ барои табобат маблағҳои пулӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст.”
Тафтишот 5 ҳолати қаллобии Сочаевро ошкор кард. Дар як ҳолати дигар , Сочаев моҳи октябри соли 2019 “ба боварии шаҳрванд “А” даромада, ба ӯ ваъда медиҳад, ки аз баданаш ҷин ва сеҳру ҷодуро мебарорад ва номбурда шифо меёбад. Ӯ арзиши ин табобаташро 3000 (се ҳазор) сомонӣ нарх гузоштааст. Шуруъ аз ҳамон лаҳза то аввалҳои моҳи январи соли 2020 Сочаев Ҷ. Н. бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварии номбурда дар ҳафта як - ду ва дар маҷмуъ даҳ маротиба дар манзили истиқоматӣ бо сӯистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии онҳо нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом медиҳад.”
Назари худи Сочаев ва наздикону вакили ӯ ба ин айб дастрас нест.
подробнее тдж:

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.