РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ РОҲБАРОНИ “МАНЗИЛИ ДАСТРАС”-РО БА ДОДСИТОНӢ СУПУРД

Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки таҳлили муқоисавии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмони манзили дастрас” маълум кард, ки роҳбарони "Манзили дастрас” пулҳои аз шаҳрвандон ҷамъовардаро ба хазинаи корхона ворид накардаанд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки натиҷаҳои ин таҳлилро ба додситонӣ супоранд.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 10 август хабар дод, ки таҳлили муқоисавии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмони манзили дастрас” анҷом ёфтааст ва ин таҳлил нишон медиҳад, ки "роҳбарияти корхона аз шаҳрвандон маблағи пулӣ қабул намуда, онро ба хазинаи корхона ворид накардааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хостори муҷозоти роҳбарони "Манзили дастрас” барои чунин кӯтоҳиҳо дар фаъолияти ин корхона шудааст: "Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе маводи дахлдор барои санҷиш ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати барқарор намудани зарар ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардид.

"Сохтмони манзили дастрас” яке аз барномаҳои пуриддаои маъмурияти қаблии ҳукумати шаҳри Душанбе ба шумор мерафт. Тибқи ин барнома, бояд шаҳрдорӣ дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар манзил сохта, ба сокинони ниёзманд, асосан ба табақаҳои нодору фақир, маъюбон, аҳли фарҳанг, табибону омӯзгорон ва кормандони идораҳои давлатӣ пешниҳод мекард.

Сохтмони хонаҳо дар чорчӯби барномаи "Манзили дастрас” соли 2013 оғоз ёфт ва мебоист алакай моҳи сентябри соли 2016 онҳое, ки барои гирифтани чунин манзил пул пардохт карда буданд, дар манзилҳои нави худ бурёкӯбон мекарданд. Вале сохтмони ин хонаҳо тӯл кашид ва то имрӯз садҳо нафар ҳамчунон дар интизори анҷоми сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас” боқӣ мемонанд. Бархеи онҳо, ки барои харидани манзил дар ин барнома хонаҳои худро фурӯхта, ҳама пули худро ба "Манзили дастрас” дода буданд, амалан дар кӯча монданд.

Қаблан саҳомдорони "Манзили дастрас” чанд дафъа даст ба эътироз ҳам зада, баргардондани пулҳои худро талаб карда буданд.

Моҳи январи соли 2017, дар пайи барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми шаҳрдори Душанбе ва таъйини Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом, шаҳрдори нави Душанбе аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хоста буд, то бо дарназардошти шикоятҳои фаровони сокинон фаъолияти корхонаи "Сохтмони манзили дастрас”-ро тафтиш кунанд.

Моҳи феврали соли 2017 президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарони нав ва фаъолони шаҳри Душанбе аз Агентии мубориза бо коррупсия талаб кард, ки то 1 июли соли 2017 фаъолияти маъмурияти қаблии пойтахт, аз ҷумла барномаи "Манзили дастрас”-ро тафтиш карда, аз натиҷааш ба ҳукумат ва худи ӯ ҳисобот диҳанд.

Вале бо вуҷуди гузашти як сол аз ин фурсати ба Агентии мубориза бо коррупсия додашуда, натиҷаҳои тафтишоти фаъолияти мақомоти қаблии Душанбе дар ягонҷо то ҳол нашр нашудааст.

Бо ин ҳол, садҳо саҳомдори "Манзили дастрас” ҳамчунон бо умеди рӯзе соҳиби хонаи худ шудан ба сар мебаранд. Як умеди асосии ин мардум ба писари калонии президент Рустами Эмомалӣ аст, ки дар мақоми раиси ҳукумати пойтахт метавонад мушкили онҳоро ҳал ва дари солҳо боз бастаи хонаи умеду орзуяшонро ба рӯи онҳо бикушояд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон